Рубрики Хабарҳо

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ тими Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ медале ба даст наовардааст

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён доранд, бо гузашти се рӯз варзишгарони тоҷик ҳеҷ медале ба даст наовардаанд. Ин мусобиқот аз 9 то 18 август ҷараён хоҳанд дошт.

Туркия бо 55 медал (аз ҷумла 23 тилло) дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Эрон бо 27 медал (8 тилло) дар ҷои дуввум ва Қазоқистон бо 16 медал (6 тилло) дар ҷои савум қарор доранд. Узбекистон бо 24 медал (5 тилло) мавқеъи чаҳорумро ба худ ихтисос додааст, аммо имкон дорад имрӯз аз Қазоқистон пешӣ гирад. 

Гуфтанист ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшерзанӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, дзюдо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, куштии варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудаанд. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд гузаронида мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар 8 намуд – варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва куштӣ рақобат мекунанд.

Ба варзишгарони тоҷик то кунун муяссар нашудааст ягон медал ба даст оваранд. Дастаҳои тенниси рӯи миз баромади худро аллакай ба охир расониданд. Бо иштироки варзишгарони тоҷик 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август мусобиқаи таеквондо, 10-13 август мусобиқаи куштӣ, 11-15 август мусобиқаи вазнабардорӣ, 13-15 август мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август мусобиқаи камонварӣ, 15-17 август мусобиқаи куштии дзюдо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир хоҳанд шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *