Рубрики Хабарҳо

Пампео дар бораи ҳар гуна муомилаи таслиҳотӣ бо Эрон ҳушдор дод

Вазири хориҷии Амрико мегӯяд додуситади силоҳ бо Эрон аз сӯи ҳар кас, ба манзалаи нақзи таҳримҳои Созмони милал буда барои фурӯшанда хазина хоҳад дошт. Теҳрон нақз шудани таҳрими таслиҳотиро ба фоли нек гирфта ва “хабари хуши ҳастаӣ” номидааст.

Майк Пампео ба талаққии Эрон аз поён гирфтани таҳрими таслиҳотии ин кишвар ва эъломи вазорати хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи рафъи мамнуъияти мубодилаи таслиҳотӣ, вокуниш нишон дод. Вазири хориҷии Амрико  гуфт: “Иёлоти мутаҳида омодааст аз ихтиёроти дохилии худ барои бархурд бо афрод ё ширкатҳое истифода кунад, ки вориди муъомилаи силоҳ бо Эрон мешаванд.” 

Пампео дар Твиттер навишт: “Ҳар кишваре ки хоҳони сулҳ ва суботи Ховари миёна ва ҳомии мувоҷиҳа бо тероризм бошад, набояд додугирифти силоҳ ба Эрон кунад. Ҳар силоҳе дар хитмати идеологии ифротии ин режим хоҳад буд.”

Қатъиномаи 2231 Шӯрои амият мегӯяд таҳрими таслиҳотӣ бояд ҳадди аксар панҷ сол баъд аз пазироиши тавофуқи атомӣ поён бигирад. Амрико  аммо ба иттико ба “собиқаи Ҷумҳурии Исломӣ“, хостори тамдиди ин таҳрим аст. Амрико бо истинод ба “мехонизми моша” ки дар Барҷом мундариҷ шуда, ба талош барои тадовуми тамоми таҳримҳои Созмони милал ва таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон идома медиҳад.

Давлати Амрико чаҳор ҳафта қабл низ дар бахши ростои иъмоли мехонизими моша ва баргардони таҳримҳои қабл аз тавофуқи ҳастаӣ, бахши тадорукоти вазорати диъфо ва 36 ширкату фарди марбут бо барномаҳои таслиҳотӣ, низомӣ ва атомии Эронро таҳрим кард.

Пампео дар нишасти хабарӣ марбут ба ин тасмим,ёдовар шуд ки ҳар кас таҳримҳои пешбинишуда алайҳи Теронро нақз кунад, худаш  машмули таҳрими Амрико хоҳад шуд. Ӯ гуфт: “Муҳим нест, ки шумо кӣ бошед. Аммо агар таҳримҳои Созмони милал алайҳи Эронро нодида бигиред,муҳозот мешавед.”

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд Амрико ҳақи бозкорӣ додани таҳримҳои қаблӣ алайҳи Эрон ва тавассул ба мехонизми мошаро надорд, зеро аз Барҷом хориҷ шуда ва дигар ҷузъи тарафайни ин тавофуқ нест.

Ҳасан Руҳонӣ, расии Ҷумҳурии Исломи Эрон нақзи таҳрими таслиҳотеро “хабари хуши ҳастаӣ” хонда ва бо табрики фаро расидани чунин рӯзе гуфта буд: “Аз якшанбе метавонем таслиҳотамонро ба ҳар  касе ки мехоҳем бифурушем ва аз ҳар кас мехоҳем аслиҳа бихарем.” 

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи Эрон низ дар твитте навишт: “Аз имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ҳар гуна силоҳ ва таҷҳизоти лозимро, аз ҳар манбаъе будуни  маҳдудияти қонунӣ ва сирфан ба асоси ниёзҳои дифоъии худ таҳия кунад,ва ҳамчунин метавонад бар мабнои сиёсатҳои худ таслиҳоти дифоъӣ содир кунад.”  

Дар ин миён бо вуҷуди ибрози шодмонии мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзномаи “Гардиан” аз аз тадовуми таҳримҳои таслиҳотии Аврупо ва Британиё алайҳи Эрон хабар додааст. 

Ҳамзамон, вазири дифоъи Исроил гуфт.: “Бо нақзи таҳрими тастиҳотии Эрон аз имрӯз мебояд қавитар ва масмумтар аз ҳамеша бошем.” 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *