Рубрики Хабарҳо

Қазияи бурқинис дар СММ акси садо дод

Созмони Миллали Муттаҳид тасмими мақомоти Фаронсаро дар робита ба манъи бурқинис- либоси оббозии бонувони мусалмон дар ин қаламрав таҳти танқиди шадид қарор дод ва онро бо чашми кам нигаристан ба мусалмонон унвон намуд.
Руперт Ковилл, котиби мабтуоти дафтари комиссарияти олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар муроҷиатномаи худ навиштааст, ки “Қонуни манъи бурқинис аз ҷониби мақомоти Фаронса фазои амниятии ин кишварро беҳбуд намебахшад, баръакс ба ташаннуҷ мувоҷеҳ месозад, низоъҳои диниро оташ дода, ҳисси камшумории мусалмонон, хоса занони қаламравро ба бор меорад”.
Дар ин авохир мақомоти маҳаллии чандин шаҳру навоҳии Фаронса зидди бурқинис иқдом карда, аз занони мусалмони минтақа дархост намуданд, ки дар ҳавзаҳои оббозӣ ва шиноварӣ  чун аҳолии таҳҷоӣ нимаурён ва бидуни бурқинис ҳозир гарданд. Ин низоъ то худи мақомоти олии кишвар расид ва билохира бо судури як қонун пӯшидани бурқинис -либоси оббозии бонувони мусалмон комилан мамнӯъ эълон шуд. Аммо ҳафтае қабл Шӯрои давлатии Фаронса бо андеша аз мавҷи норизоиҳо дар байни мусалмонони кишвар ин қонунро лағв намуд ва ҳамчунин Органи олии мақомоти адлия қарореро имзо карда, таъкид таъкид, ки манъи бурқинис “яке аз асоситарин ваҷҳи нақзи ҳуқуқи инсон мебошад”.
Аммо судури конуну фармонҳо ба ҷонибдории бурқинис оташи ҳисси бадбинии гурӯҳеро дар ҷамъияти Фаронса паст насохтааст ва ҳанӯз як идда сиёсатмадорон барои эътибор пайдо кардан дар байни мардуми худ алайҳи бурқинис садо баланд мекунанд. Аз ҷумла собиқ президенти Фаронса- Никола Саркози дар чанд рӯзи пеш ба мардуми кишвари худ муроҷиат кардааст, ки дар сурати бори дигар интихоб гардидан ба мақоми президентӣ алайҳи бурқинис чораи муассир хоҳад андешид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *