Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон тамоми парвозҳо дар масири Душанбе – Урумчии Чинро то таърихи 2 феврали соли ҷорӣ лағв кард.
Дар ин маврид Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати мазкур дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ хабар дод, ва аммо далели лағви парвоз дар масири Чинро мушаххас накард.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ дар мавриди то моҳи феврал лағв шудани парвозҳо дар масири Урумчи, ки ҳар ҳафта тавассути ширкати «South China Airlines» анҷом мешуд, хабар дод.
Бинобар иттилои маркази матбуотии фурудгоҳи Душанбе, феълан равшан нест, ки парвозҳо миёни ду кишвар дар иртибот бо коронавирус ва ё таҷлил аз Соли нави чинӣ, ки 25 январ аст, лағв шудаанд.
Бо ин ҳол бояд гуфт, ки парвози Урумчи дар масири Тоҷикистон, ки бояд 24 январ анҷом мешуд, лағв шудааст.
Қабл аз ин вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар пайи густариши коронавирус дар Чин дар номаҳои ҷудогона ба вазорати умури хориҷа ва Кумитаи сайёҳӣ хостори маҳдудияти сафари шаҳрвандон ва гардишгарони чинӣ ба ин кишвар шуда буд.
Илова бар ин гузориш шуда буд, ки тадобири амниятии зидди вирусӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Чин ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ ташдид ёфтааст.
Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин то 17 нафар расидааст. Теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба500 нафар расида, мавриди гирифторӣ ба ин вируси ҷадид дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд ва Амрико ошкор шудааст.