Рубрики Хабарҳо

ИМА аз се кишвари ОМ хостааст 9000 гурезаи афғонро қабл кунанд

Нерӯҳои Амрико, ки аз Афғонистон хориҷ мешаванд, бо Тоҷикистон ва Узбакистон машваратҳои амниятӣ баргузор карданд.

Хабаргузории  Bloomberg бо истинод ба як манбаъ навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон хоҳиш мекунад, ки тақрибан 9000 афғонеро, ки ба амрикоиҳо кумак кардаанд, муваққатан бипазиранд.    

Ғайр аз он, Вашингтон имкони баргузории амалиёти иктишофӣ (разведка)  дар Тоҷикистон ва Узбакистонро баррасӣ мекунад. Бино ба гузориши Bloomberg, давлатҳо дар ҳоли ҳозир дар бораи ҷузъиёти тарҳи созишномаи марбута музокира мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *