Рубрики Хабарҳо

Амрико Русияро муттаҳам ба амалиёти пинҳонӣ дар Либия бо ҷетҳои ҷангӣ кард

Фармондеҳи ҳавзаи африқоии артиши Амрико Русияро муттаҳам ба ҳимоят аз генерал Ҳафтар ба кумаки ҷангандаҳои русӣ кард. Артиши Амрико бо ироаи тасовири ҳавоӣ мегӯяд, ки русҳо барои пинҳонкорӣ ранги ҷангандҳҳои худро тағйир додаанд. 

Русия яке аз муҳиммтарин ҳомиёни генерал Халифа Хафтар аст, ки алайҳи давлати марказӣ дар Траблус меҷангад. Ҳоло мақомоти Амрико давлати Москавро муттаҳам кардаанд, ки ҷангандаҳои худро барои пуштибонӣ аз низомиёни Ҳафтар ба Либия эъзом кардааст. 

Стивен Таунсенд, фармондеҳи ситоди фармондеҳи ҳавзаи африқоии артиши Амрико (Африкум) дар ин робита мегӯяд, ки “Русия барои муддате тӯлонӣ густурдагии мушорикати худ дар муноқиша Либияро такзиб мекардааст”. Русия дар талош аст ба кумаки гурӯҳҳои муздури таҳти ҳимояти Кремл, нуфузи низомии худ дар қораи Африқоро густариш диҳад. 

Фармондеҳи ҳавзаи африқоии артиши Амрико рӯзи сешанбе 26 май тасовиреро аз пойгоҳи ҳавоии Ал-Ҷуфра дар Либия мунташир кард. Ин тасовири ҳавоӣ дар 19 май таҳия шудаанд, ки дар он чандин фарванди ҷангандаи МиГ- 29 дида мешавад. 

Дар иттилоияи артиши Амрико омадааст, ки на артиши миллии Либия (LNA) ва на ширкатҳои хусусии низомӣ қодир нестанд чунин ҷангандаҳоеро мусаллаҳ кунанд ва ё аз онҳо нигаҳдорӣ карда ва ба онҳо хадамот ироа диҳанд. 

Ин иттилоия меофзояд, ки рӯйи ин ҷангандаҳо “ранг хӯрда” аст то “манишоъи русӣ онҳоро махфӣ нигаҳ доранд”. 

Фармондеҳи Африкум эҳтимол медиҳад, ки вазифаи ин ҷангандаҳо ҳимоят аз амалиёти низомии гурӯҳи сарбозони муздури рус мавсум ба “Вагнера” аст, ки дар канори воҳидҳои генерал шӯриши Халифа Ҳафтар алайҳи давлати марказӣ меҷанганд. Ин ҳавопаймоҳои ҷангандаҳоро эҳтимолан аз тариқи Сурия ба Либия расондаанд. Давлати марказии мустақар дар Траблус мавриди  ҳимояти Созмони милали муттаҳид аст. 

Як гурӯҳ аз коршиносони Созмони милал дар гузорише, ки авоили моҳи май онро интишор доданд, ҳузур ва амалиёти гурӯҳи сарбозони муздури рус ба номи “Вагнер”-ро таъйид кардаанд. Аммо мақомоти Кремл масъулият ва дахолат дар ҳар гуна амалиёти низомӣ дар Либияро такзиб мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад, ин гурӯҳи муздурони “Вагнера” дар робита наздик бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳастанд. 

Мақомоти Кремл то кунун дар мавриди гузориши фармондеҳии Африкум сукут ихтиёр кардаанд. 

Владимир Путин то кунун мудом такрор мекардааст, ки сарбозони муздури зиёде аз кишварҳои гуногун дар муноқишаи Либия дахолат доранд ва вориди амалиёт шудаанд. Ў афзуда, ки агар ҳам муздурони рус дар Либия фаъол бошанд, маъмурияте аз сӯи давлати Кремл надоранд. 

Ҳам акунун се кишвар Русия, Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Миср аз генерали шӯришӣ, Халифа Ҳафтар, ки маркази он шаҳри Бинғозӣ дар шарқи Либия аст, ҳимоят мекунанд. 

То кунун гузоришҳои мутааддиде дар мавриди ҳузури ҷангандаҳои русӣ дар Либия мунташир шудааст. Пас аз он ки генерал Ҳафтар дар ҳамалоташ алайҳа Траблус мутаҳаммили шикастҳои пай дар пай шуд, ҳол эълом кардааст, ки даст ба ҳамалоти ҳавоии тозае хоҳад зад. 

Генерал Ҳафтар беш аз як сол аст, ки мекӯшад бо воҳидҳои худ таҳти унвони “ортиши миллии Либия” Траблусро фатҳ кунад. Ҷомеаи байналмилали давлати Траблусро ба унвони давлати қонунии Либия ба расмият шинохтааст. Ин давлат мавриди ҳимояти парлумони Либия нест, зеро, ки ин парлумон дар ин фосила ба Бинғозӣ дар шарқи кишвар нақли макон карда ва аз генерал Ҳафтар ҳимоят мекунад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *