Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз беҳ шудани равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон истиқбол кардааст.
ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон “таъсири мусбате дар ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гузошта, боиси таҳкими суботу амният дар минтақа мегардад”.
Дар изҳороти Наҳзати исломӣ омадааст минтақа тайи садсолаҳо зери султаи низомҳои худкома ва роҳбарони бесалоҳият боқӣ монда, имконияти рушду тараққиро аз даст дода буд ва бо тағйири роҳбарият дар Ӯзбекистон равзанаи умед барои мардуми тамоми минтақа боз шудааст.
ҲНИТ таъкид кардааст ислоҳот набояд зоҳирӣ ва муваққатӣ бошанд, “балки дар наздиктарин фурсат ба таври доимӣ ва усули ниҳодина (институтсиализатсия) шаванд. Дар сурати ғайр, фазои сиёсии минтақа ва муносибатҳои миллатҳои Осиёи Марказӣ аз хоҳиш ва тарзи тафаккури роҳбарони алоҳидаи кишварҳо вобаста мемонад, на аз майлу хоҳиш ва ниёзҳои миллатҳо”.
Матни пурраи изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:
Изҳороти ҲНИТ оиди беҳбуди муносиботи Тоҷикистону Узбекистон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз раванди табиӣ шудани равобит, бозгашти фазои бародарӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ байни ду кишвар ва миллати дуст истиқбол намуда, онро як иқдоми мусбат ва сафҳаи ҷадиде на танҳо дар муносиботи ду кишвар, балки дар муносиботи миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ медонад.
Мо умедворем, ки сафари раисҷумҳурии Узбекистон, ҷаноби Шавкат Мирзиёев, ба Тоҷикистон таъсири мусбате дар ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гузошта, боиси таҳкими суботу амният дар минтақа мегардад. Ду миллати ҳамтақдир ва ҳамфарҳанг солҳо боз аз сард шудани робитаҳои ду кишвар азият мекашиданд ва интизори беҳтар гаштани муносибатҳо буданд. Хушҳолӣ ва шодии шаҳрвандони ду кишвар аз табиӣ шудани равобит дар пайи сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон худ зарурат ва аҳаммияти онро нишон медиҳад.
Миллатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, миллати тоҷик ва узбек, сазовори зиндагӣ ва ояндаи беҳтар мебошанд. Тайи садсолаҳои гузашта низомҳои худкома ва роҳбарони бесалоҳият, ки бо идеология ва шеваҳои зоҳиран гуногун, вале моҳиятан саркубгароёна минтақаро пайи ҳам идора мекарданд, имконияти рушду тараққиро аз афрод ва дар умум, аз миллатҳои мо гирифта буданд. Инак, бо тағйири раҳбарият дар кишвари ҳамсоя, Узбекистон, равзанаи умед на танҳо барои миллати узбек, балки барои ҳама миллатҳои минтақа ба вуҷуд омад.
Ислоҳоти то имрӯз анҷомшуда дар Узбекистон на танҳо таъсири мусбат дар рӯҳияи шаҳрвандони ин кишвар доштааст, балки фазои сиёсии минтақаро беҳтар ва умедворкунанда гардонидааст. Ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки кишварҳо ва миллатҳои минтақа ниёз ба раҳбарони ҷадид бо дидгоҳҳои нав ва ислоҳоти решаӣ дар услуби давлатдорӣ доранд. Тамаркузи қудрат дар дасти як нафар ё як гурӯҳ ва муддати тулонӣ дар қудрат мондани роҳбарон аз вежагиҳои аксари кишвари Осиёи Марказӣ мебошанд, ки ҳамаи минтақаро табдил ба як паҳнои моломол аз мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва амниятиву иқтисодӣ гардонидааст ва метавонад оқибатҳои нохуш барои ҳамаи миллатҳо дошта бошад.
ҲНИТ бо пуштибонӣ аз беҳтар гардидани муносибатҳои ду кишвар ва раванди ислоҳот дар кившари ҳамсояи Узбекистон, ҳамзамон таъкид бар он мекунад, ки ин ислоҳот набояд ҷанбаи зоҳирӣ ва муваққатӣ дошта, балки дар наздиктарин фурсат ба таври доимӣ ва усули ниҳодина (институтсиализатсия) шаванд. Дар сурати ғайр, фазои сиёсии минтақа ва муносибатҳои миллатҳои Осиёи Марказӣ аз хоҳиш ва тарзи тафаккури роҳбарони алоҳидаи кишварҳо вобаста мемонад, на аз майлу хоҳиш ва ниёзҳои миллатҳо. Чуноне, ки ду даҳсолаи гузашта муносибатҳои ду миллати дуст ва ҳамсояи тоҷику узбек қурбони зиёдаравиҳои ҳокимони худкома ва ғайримардумӣ гашта буд.
Танҳо миллатҳои озод, соҳибкаромат ва мустақил метавонанд ҳукуматҳо ва масъулини кишварҳоро водор ба тасмимҳое кунанд, ки муносиб ба ниёзҳо ва заруратҳои ин миллатҳост. Ҳамаи миллатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз хоҳони бардоштани монеъаҳои сунъӣ дар пеши роҳи тиҷорат, табодули молу маҳсулот, рафтуомади инсонҳо мебошанд, ки ҳукуматҳо солҳои охир бо баҳонаҳои на чандон асоснок онҳоро ба вуҷуд оварданд. Минтақаи Осиёи Марказӣ бояд дар оянда аз як минтақаи осебпазир ва буҳронзо ба як минтақаи аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ пешрафта ва босубот табдил шавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки бидуни рушди мардумсолорӣ, ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон расидан ба чунин ҳадафи стратегӣ дар дарозмуддат имкон надорад.
ҲНИТ бовар дорад, ки талош барои сохтани ояндаи беҳтар дар Осиёи Марказӣ масъулият ва вазифаи ҳамаи миллатҳои сокини ин минтақа мебошад. Ҳамаи миллатҳо зарфият ва омодагии фитрии расидан ба як ҷомеъаи озодро доранд. Аз ҷумла, миллати тоҷик, ки тули таърихаш ҳамеша баҳри озодӣ ва алайҳи зулму яккатозии ҳокимон мубориза бурдааст. Талоши миллати тоҷик барои сохтани як ҷомеъаи холӣ аз худкомагӣ ва яккатозӣ дар аввалҳои истиқлолият саркуб гашт, ки то даҳсолаҳо ин равандро ба ақиб партофт. Аммо, имрӯз таърих бо омадани роҳбари нав шанси беҳтареро ба миллати дусту бародари узбек додааст, то пешгоми ин раванди ислоҳотхоҳӣ дар минтақа бошад. Натиҷаи мусбати ин раванд дар кишвари ҳамсоя ба нафъи ҳама миллатҳо хоҳад буд ва аз ин ру ниёз ба пуштибонии ҳама нерӯҳои созанда ва ислоҳотхоҳи минтақа дорад.
Дар сурати истифода нашудани ин шанси таърихӣ, раванди ислоҳот мисли кишвари мо даҳсолаҳо ба таъхир хоҳад афтод ва шарафи пешгомӣ дар расидан ба як ҷомеаи озод аз миллати шарифи узбек ҳам берун хоҳад рафт. Худованди мутаол дар Қуръони карим мефармояд: “Ва агар рӯй бартобед ба ҷои шумо қавмеро меоварад, ки ҳаргиз мисли шумо набошанд.» (сураи Муҳаммад ояти 38)
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
12.03.2018