Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар нишасти САҲА дар Варшава ҳузур доранд, ба мухолифин ҳамла карданд. Яке аз онҳо ба рӯи Сулаймон Орзуев бо мушт зад ва дигаре пои Шӯҳрати Раҳматуллоҳро бо мошин пахш кард.
Вақте Сулаймон мехост ба Айёмиддин Сатторовро бо хештеги #FreeTajikPoliticalPrisoners аксбардорӣ кунад, яке аз аъзои ҳайати ҳукумат, ки зоҳиран аз Кумитаи амнияти Тоҷикистон аст, саҳифаи хештег навишташударо аз дасти ӯ гирифт ва пора кард. Ба эътирози Сулаймон Орзуев нафари дигар аз аъзои ҳайати ҳукумат бо мушт посух дод ва ба рӯи ӯ зад.
Ин лаҳзаро Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигори Паём, ки дар нишасти САҲА ҳузур пайдо кардааст, сабт мекунад. Ин ҳамлагари ҳукуматӣ боз ду-се маротиба ба онҳое, ки наворбардорӣ мекарданд ҳуҷум мекунад. Аз ҷумла ӯ Вайсиддин Одинаевро ҳам бо мушт ва лагад задааст.
Вақте онҳо диданд амалкарди хашинашон сабт шудааст, хостанд аз ҷои ҳодиса фирор кунанд. Шӯҳрат то мошинашон онҳоро бо наворбардорӣ таъқиб кард ва онҳо ҳангоми фирор пои ӯро бо мошин пахш карданд.
Ҳоло ба ҷои ҳодиса пулис ҳозир шудааст ва ба пурсиши шоҳидон машғул аст.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.