Рубрики Хабарҳо

ҲНИТ: таҳрифи таърих ва душмантарошӣ нишонаи заъф ва корношоямии Раҳмон аст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе тамоми иттиҳомҳои зикршуда дар филми ба гуфтаи мақомот “мустанад”-и “Хиёнат”-ро тӯҳмат, сохтакорӣ, дурӯғпароканӣ, душмантарошӣ ва эҷоди нафрат дар ҷомеъа номида, онро шадидан маҳкум кард. 

Раёсати Олии ҲНИТ таъкид кардааст “дар арафаи солгарди имзои Созишномаи Сулҳ ва Ваҳдати Миллӣ даст задан ба як чунин кори зишт баёнгари пойбанд набудани роҳбарияти имрӯзаи кишвар ба ормонҳо ва арзишҳои он мебошад”. 

Наҳзати исломӣ тазаккур дода, ки тамоми баёнотҳо аз зиндониён таҳти шиканҷа ва таҳдид гирифта шуда, дурӯғ ва “истифодаи он ҳамчун «далел» як амали ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ мебошад”.  

“Ба ҷои ҷавоб гуфтан ба саволҳои рузмарраи ҷомеъа даст задан ба шиканҷа , таҳрифи таърих ва душмантарошӣ худ нишонаи заъф ва корношоямии роҳбарияти имрӯзаи кишвар ва тасдиқи интиқодҳо мебошад” — гуфта мешавад дар баёния.

Гуфтанист, телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта филми сесериягие бо унвони “Хиёнат” пахш кард, ки дар он ҲНИТ-ро ба марги 150 000 нафар дар ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар ҷиноятҳо айбдор кард.

Ин филм бинобар яктарафа, ғайрикасбӣ ва пур аз таҳриф буданаш, таҳти интиқоди шадиди коршиносону фаъолон қарор гирифт. 

Матни баёнияи ҲНИТ ба шакли зер аст:

Ахиран аз тариқи телевизионҳои давлатӣ «филм»-и тақаллубие (фейки) бидуни зикри созандагони он намоиш дода шуд, ки пур аз туҳмат ва сохтакорӣ буд.

Созандагони он воқеаҳои таърихӣ ва имрӯзаи кишварро баръакс нишон дода, бо истифода аз равишҳои хосси пропагандистӣ талош мекунанд ҳисси кина ва адоватро нисбати қишрҳои гуногуни ҷомеъа, аз ҷумла ҲНИТ барангезанд.

Дар арафаи солгарди имзои Созишномаи Сулҳ ва Ваҳдати Миллӣ даст задан ба як чунин кори зишт баёнгари пойбанд набудани роҳбарияти имрӯзаи кишвар ба ормонҳо ва арзишҳои он мебошад. Таҳти шиканҷа ва таҳдид гирифтани баёнотҳои дурӯғ аз зиндониҳо ва афроди наздик ба масъулини ҲНИТ ва истифодаи он ҳамчун «далел» як амали ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ мебошад. Раёсати Олии ҲНИТ тамоми ин иттиҳомҳои бардуруғро инкор намуда, ин амалро ҳамчун идомаи сиёсатҳои душмантарошӣ ва эҷоди нафрат дар ҷомеъа шадидан маҳкум мекунад.

ҲНИТ ҳамчун як нерӯи миллӣ ва мардумӣ дар ҳама марҳалаҳои фаъолияташ баҳри истиқлолияти давлатӣ ва миллӣ , дифоъ аз озодӣ ва номус дар баробари таҷовузи нерӯҳои хориҷӣ ва дастнишондагони дохилиашон ва расидан ба як ҷомеъаи озод танҳо равишҳои машрӯъи муборизаро пеша кардааст ва хоҳад кард.

Роҳбарияти имрӯзаи кишвар дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеъа ноком монда,  тавассути ингуна таблиғотҳои ноҷавонмардона қабл аз интихоботҳои президентӣ диққати мардумро аз мушкилоти асосӣ ба самти дигар кашондан мехоҳад. Ҳукуматро лозим аст, ки ба фаъолияти нишонраси ҳизбу ҳаракатҳои созанда ва мубориз, расонаҳои мустақил ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ошкор кардани воқеиятҳои имрӯзаи кишвар ва ноуҳдабароии Президент  ҷавобҳои мантиқӣ ва қонеъкунанда бидиҳад. Ба ҷои ҷавоб гуфтан ба саволҳои рузмарраи ҷомеъа даст задан ба шиканҷа , таҳрифи таърих ва душмантарошӣ худ нишонаи заъф ва корношоямии роҳбарияти имрӯзаи кишвар ва тасдиқи интиқодҳо мебошад .

Дар баробари инкор кардани ин иттиҳомот дар оянда иқдомҳои мушаххасе барои ошкор кардани ҳақиқатҳои гузашта ва имрӯза руи даст гирифта хоҳанд шуд. Якҷониба баҳо додани ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи яке аз ҷонибҳои он дур аз меъёрҳои ахлоқӣ ва илмӣ мебошад. Дар оянда лозим аст як ҳайати мустақили илмӣ барои баррасӣ ва баҳодиҳии омилҳо ва натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъсис дода шавад.

Раёсати Олии ҲНИТ

22. 06. 2020

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *