Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва 16-уми апрели имсол аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохта шуд, миёни 378 маҳбусе, ки бахшида шуданд, нест.
Саида Қурбонова, ҳамсари Далер, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Далер се моҳи дигар дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон мемонад. Ба гуфтаи Қурбонова, онҳо умед доштанд, ки номи Далер Шарифов низ дар рӯихати бахшидашудагон шомил мегардад, чун муҳлати адои ҷазои хеле кам дорад.
Дар мавриди чаро шомил нашудани ному насаби Далер Шарифов ба рӯихати бахшидашудагон Давлатмурод Хоҷаев сардори Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон аз суҳбат худдорӣ кард.
Ба гуфтаи ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, рӯзи 22-юми сентябр вобаста ба рад шудани пешниҳоди пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов ба Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амният ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дархост пешниҳод намуда буданд, вале баъдан ҷавоби рад гирифтанд. Қаблан низ рӯзи 18-уми сентябр, дархости Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон барои пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шуда буд.
Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.