Рубрики Хабарҳо

Роналду тарки Манчестер Юнайтед мекунад. Ба мақсади куҷо?

Расонаҳои бритониёӣ хабар додаанд, ки Криштиану Роналду, бозикуни шумораи 7-и Манчестер Юнайтед, танҳо як сол пас аз бозгашт ба ин бошгоҳ, хостори тарки ин тим шудааст. 

Криштиану Роналду, ки соли гузашта тайи қарордоде ба арзиши 25 миллион евро аз Ювентус Италия ба Манчестер бозгашта буд, пас аз нокомиҳои “шаётини сурх”, тасмим гирифтааст ба бошгоҳи дигаре биравад, ки муваффақиятҳои бештаре дошта бошад. Пас аз он ки фасли гузашта Манчестер Юнайтед натавонист дар ҷамъи чаҳор тими бартари рақобатҳо қарор гирад, Роналду беш аз қабл нисбат ба идомаи ҳузури худ дар ҷамъи тими шаҳри Манчестер дучори тардид шудааст. Қарор гирифтани Манчестер дар радаи шашуми рақобатҳои лиги бартари ҷазира ба ин маъност, ки Роналду пас аз беш аз як даҳа, фасли оянда дар рақобатҳои лигаи қаҳрамонони Аврупо ҳузур нахоҳад дошт. 

Ин дар ҳолест, ки баъд аз ҳузури муваққат ва албатта номувафақи Ралф Рангник рӯйи нимкати Манчестер, ҳоло қарор аст Тени Ҳоги нидерландӣ, ин фасли ҳидояти “шаётини сурх”-ро бар уҳда дошта бошад. Бо ин ҳол бо гузашти чандин ҳафта аз оғози фасли нақлу интиқолот, мудирони ин тим натавонистаанд хариди қобили таваҷҷуҳе анҷом диҳанд ва дар муқобил Пол Погба, яке аз сутунҳои хатти миёнии худро низ аз даст додаанд. 

Роналду, ки ҳоло 37 сол дорад ҳамчунон мехоҳад ба муваффақиятҳои худ идома диҳад ва ба думболи ҳузури дубора дар рақобатҳои лиги қаҳрамонони Аврупо дар рақобатҳои соли оянда аст. Расонаҳои англисӣ албатта гузориш додаанд, ки мудирони Манчестер бо дархости Роналду мухолифат кардаанд ва ба ӯ гуфтаанд, ки бояд ҳамчунон дар бошгоҳ бимонд. Бо ин ҳол мушаххас нест идомаи исрори эҳтимолии ситораи портуғолӣ чӣ сарнавиштеро дар хусуси ояндаи ин бозикун рақам хоҳад зад. 

Бархе аз расонаҳои варзишӣ аз бошгоҳҳое чун Байерн Мюнхен, Челси, Наполи, Пари Сен-Жермен ва ҳатто Реал Мадрид ба унвони мақсадҳои эҳтимолии ситораи португалияӣ ёд кардаанд. Ҳарчанд бо таваҷҷуҳ ба алоқаи Роналду ба Манчестер, каме баид ба назар мерасад, ки ӯ ҳозир шавад дар Англия дар тиеи ҷуз “шаётини сурх” ба майдон биравад ва ба Челси бипайвандад. Аз сӯи дигар Реал Мадрид, ки дар ҷазби Клини Амбопа ноком буда ҳамчунон ба думболи як хариди ҷаззоб дар панҷараи нақл ва интиқолоти тобистонӣ аст. Роналду, ки рӯзҳои дурахшонеро бо “каҳкашониҳо” таҷриба карда, бо вуҷуди синни боло ҳамчунон ситораи маҳбуб барои ҳаводорони Сантяго Бернабеу ба шумор меравад. 

Овозаҳо дар хусуси пайвастани Роналду ба Байерн Мюнхен ҳам дар ҳоле афзоиш ёфта, ки пештар мудирони ин тим эълом карда буданд, ки ҷазби ситорае ба сину соли Роналду дар барномаи ин бошгоҳ қарор надорад. Бо ин ҳол ҷудоии эҳтимолии Левандовски аз Байерн ва пайвастани ӯ ба Барселона, метавонад мудирони бошгоҳи мюнхениро мутақоид кунад то ба сӯроғи ҷазби Роналду бираванд. Ин таҷриба аз он ҷиҳат барои Роналду ҷаззоб аст, ки метавонад ӯро ба бозикуне табдил намояд, ки пас аз касби қаҳрамонӣ дар рақобатҳои футболи Англия, Испания ва Италия, таҷрибаи қаҳрамонӣ дар Бундеслиги Олмонро низ таҷриба кунад. 

Идеаи ҷаззоби дигар барои Роналду метавонад пайвастан ба Наполи бошад. Бошгоҳе, ки бо “ҳаводорони девонаи футбол” метавонад Роналдуро ба қаҳрамони ҷадиди шаҳри Напол табдил кунад. Роналду, ки худро яке аз беҳтарин бозикунони таърихи футбол медонад, мумкин аст васваса шавад, ки бо ҳузур дар тими нисбатан мутавассит монанди Наполи, таҷрибаи муваффақияти Марадона дар ин бошгоҳро таҷриба кунад ва номи худро беш аз гузашта дар дунёи футбол ҷовидона намояд. 

Аз сӯи дигар ҳузури Роналду дар бошгоҳи парижӣ ҳам идаои девонакунанда ба назар мерасад. Пайвастани Роналду ба Париж ба маънои ҳузури ҳамзамони Месси, Роналду, Мбаппе ва Неймар дар Пари Сен-Жермен хоҳад буд, ки пештар мушоҳидаи чунин таркибе танҳо дар бозиҳои плайстейшн қобили таҷриба ба назар мерасид. Ба ҳар тартиб бозикуне, ки дар феврали 2023, яъне ҳудуди 7 моҳи дигар 38 сола хоҳад шуд, ҳамчунон тарафдорони бисёре дар дунёи футбол дорад ва эҳтимолан ҳаводорони бошгоҳҳои мутафовит ва мутааддиде дар Аврупо орзуи инро доранд, ки Кристиан Роналду, пероҳани шумораи 7 он бошгоҳро бар тан кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *