10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тирпарронӣ дар Хоруғ

Дар Хоруғ зимни як амалиёти боздошти ронандаи саркаш, кормандони мақомоти интизомӣ ба зиддияти сокинон дучор шуда, ба осмон чандин тир холӣ кардаанд.

Тавре, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин муноқишаро шарҳ додаанд, сокини Хоруғ Сино Зикилобеков, дар дидбонгоҳи БДА воқеъ дар деҳаи Бидурди Шуғнон ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, бо мошинаш ба самти шаҳри Хоруғ фирор кардааст

Ба иттилои манбаъ ҳодиса соатҳои тақрибан 21-и 4-уми ноябр дар маҳаллаи Хоруғи боло рух додааст. Гуфта мешавад, ҳангоми пайгирии ин худрав, гурӯҳи 15-нафараи ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло ба кори кормандони пулис монеъ шуда, муқобила нишон доданд.» Пулиси роҳ бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба  ҳаво тир холӣ кардааст». Аммо расонаҳои мустақили маҳаллӣ менависанд, ки сокинон иттиҳоми халалрасонӣ ба кори милисаҳоро  рад кардаанд. 

Гуфтанист, ингуна муноқишаҳо миёни сокинон дар Бадахшон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваста, боиси эътирози сокинон шуда буданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *