Рубрики Хабарҳо

Шарм дар бозори чарм

Хонандагони мӯҳтарам! Миллати ориёнажоди озодаи мазлумам! Ба ҳамаи Шумо таҳаммули таъзияи ба сарамон омадаро мехоҳам. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзи 17.04.2020 дар “шаҳри душанбе иҷлосияи нахустини маҷлиси миллии маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон” баргузор гардид. Вақте Шумо азизон ин ҷумларо хондед, ҳамаатон ба ман айб мондед, ки муқаддасоти моро бо ҳарфи хурд навиштааст. Чӣ бесавод нависандае? 

Айби маро дарҳол дидед “вайрон кардани қоидаи имло”, вале айби як нафаре, ки 28 сол инҷониб муқаддасоти ҳамаи мову Шуморо поймол мекунад ва миллати нӯҳмиллионнафараро ба як пули пуччак баробар сохтаасту монанди Фиръавн “танҳо чизи дидаи худро нишон медиҳад”, намебинед. Қонунҳоро вайрон карда, барои писари ҷоноҷонаш ба мансаб расидан, тамоми тару хушкро сӯзонида истодааст, то “миллат” розӣ бошад.  Ё пеши чашмони мову Шуморо пардаҳое гирифтааст?        

Ин иқтибосро аз рӯзномаи расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 17 то 18-04 ҳамагӣ 44 нафар мутолиа карданд меорам: “Оид ба масъалаи 2 — юми рӯзнома “Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфтанд.

Сипас, тибқи моддаи 3-и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосия суханронӣ намуданд”.

Акнун аз расонаҳои давлатӣ хоҳиш дорам, ки матни суханронии “муҳтарам Рустами Эмомалӣ” дар Иҷлосияро ба самъи халқи тоҷик расонед, ки ҷанобашон дар “суханронии пурмуҳтавояшон” чӣ ироа намуданд. Ногуфта намонад, инчунин ба аъзоёни “ферма” тавсия медиҳам, ки як-як ба ин рӯзномаҳо ҳам назар андозед. Ё чашмони шумо доим ба “охури бегона”?

 Як нуқтаро бояд қайд намоям, ки дар шумори ҳозирон фақат ду “муҳтарам” буданду халос, дигарҳо ҳама “номуҳтарам”. Ҳатто Маҳмадсаид Убайдуллоев вақти раиси Маҷлис буданаш “муҳтарам” набуд. То ҳол як “муҳтарам” буд акнун ду “муҳтарам”. Худоё паноҳ. Наход дар шумори 33 нафари аъзои маҷлис дигар ягон нафари “муҳтарам”, ғайр аз писари ҷанобашон набошад? 

Иқтибоси дуввум аз баромади ҷанобашон: “Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин гардиданатон ба мақоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо дар иҷрои салоҳияти пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу менамоям. Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданашон табрик гуфта, ба онҳо низ барори кор мехоҳам”.

Акнун як саволи бемаънӣ ва пеш аз пурсиданаш аз “ҷанобашон” маъзарат мепурсам. Ҳамин баромад пеш аз маҷлис омода шуда буд ё дар аснои маҷлис? Агар номҳо дар баромад ҳамин хел ворид шуда бошад, пас чӣ ҷои интихобот ва сардардӣ ва муҳокимаву пешниҳод. Худатонро беҳуда сардард накунед, охир шумо “миллат” ҳастед. Барои шумо ҳама чиз ҷоиз. Шарм дар бозори чарм ку. 

Биёед ба асли мавзӯъ гузарем. Аслан гиред, аз ин тоифаи роҳбарони Тоҷикистон чизи дигареро интизор шудан мумкин набуд. Шуморо намедонам, аммо ман фикр мекардам, ки инҳо каме шарм медоранд. Вале маълум гардид, ки ин қавм шарму ҳаёро фаромӯш кардаанд. На аз худ шарм медоранду на аз халқ ва на аз Худо. Дар ин ҷо маънии ҳадиси Паёмбар ба ёдам меояд, ки чунин фармудаанд: “Агар шарм надорӣ, чӣ коре хоҳӣ бикун”.  

Ҳақиқатан ҳам аз ин тоифаи чоплусу лагандбардор чизи дигареро умедвор шудан, монанди домани худро бо чормағзи пуч пур карданро мемонад. Вале аз он ки инсон ҳамеша то лаҳзаи охирин бояд умедро аз даст надиҳад, умед кардам, ки шояд дар вуҷудашон заррае аз шарм бошад ва дар бораи кори кардаи худ фикр кунанд. Аммо ҷавоб маълум шуд, ба қавли мардум “Шарм дар бозори чарм”. Коре, ки “миллат” мехоҳад, он бояд ҳатман иҷро шавад. “Миллати нӯҳмиллиона”-е,ки риштаи ҳаёти худро ба дасти 96 нафар супоридааст ё “миллати якнафара”-е, ки ғайри худ дигареро дида наметавонад. Албатта “миллати якнафара”. 1>9000000.

Инҳо вазифа гирифтанро шараф медонанд, бехабар аз он ки масъулияти бузургеро бар дӯш мегиранд. Масъулияте, ки Умари Хаттоб худро аз лағжидани пои ҷонваре дар Ироқ вазифадор меҳисобид ва ё вақти вазифаи роҳбарии давлатро гирифтан, Умари Абдулазиз онро барои худ чун “балое” ҳисобида буд.

Имрӯз ин зина-зина боло рафтанҳо ба сари мо мусибати бештаре меорад. Аз нафаре, ки барои рӯзи таваллудаш  Инна Руминян 2016, Симонс Ева Мария 2017, Отилия Брума 2018 –ро оварда, барои хизматрасониашон пулҳои ҳангуфтеро сарф намудааст чӣ умедвор шавем? Шояд сарфи якшаба барои зодрӯзи “муҳтарам Рустам” барои як деҳаи сеҳазорнафара харҷи яксола бошад ва ҳол он ки қонунгузории “миллат” ҷашни зодрӯзи “камбағалон”-ро манъ кардааст.

Ё шояд аз ӯ умеди хайре кардан мумкин аст? Зеро падари гушначашмаш то сер шуданаш, тамоми хайроти миллатро аз худ кард ва чашми писараш каме сер шуда бошад. Ё пурхӯрдаро пур мебояд? Ҳамаи инро вақт муайян мекунад.  Ба ҳар ҳол аз рӯи ночорӣ ба “пир”-и “сенаторон-пирони хирад” дар “гулгулшукуфии” кишвар комёбиро таманно мекунам ва ҳаминро гуфтаниям, ки тарбияи фарзанд то ҳаждаҳсолагӣ ба ӯҳдаи падару модар аст.

Аз ин рӯ аз бозичаи дасти падаратон шудан барҳазар бошед ва аз рӯзе битарсед, ки на танҳо падарҷонатон, ки шуморо ба ин қуллаҳои баланд расонид, ҳатто Анӯшервонатон бо аспҳои бодпояш ёрӣ расонда наметавонад. Парвардигоро касоне, ки аз ту наметарсанд ва ба мо раҳм намекунанд ба сари мо ҳоким магардон. Омин.

Абдуллоҳи Мурод

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *