Созмони «Интернюс» ба қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе барои дар вазифаи пешинааш барқарор кардани Абдумалик Қодиров вокуниш кард.
Қодиров то ҳафт моҳ пеш мудири дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон буд. Иддао дорад, ки ӯро “беасос аз вазифа барканор кардаанд». Намояндагони «Интернюс» мегӯянд, ки “Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, балки муҳлати қарордоди корияш дароз нашудааст».
Қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 19-уми ноябр содир шуд. Додгоҳ ҳамчунин «Интернюс»-ро вазифадор кард, ки музди меҳнати Қодировро аз моҳи апрел то ноябри соли 2020 ва низ хароҷоти марбут ба мурофиаро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.
Созмони “Интернюс” дар баёнияи расмӣ рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ба қарори додгоҳ эҳтиром мегузоранд ва тасмими ниҳоӣ баъд аз дарёфти қарори расмӣ гирифта мешавад. «Заминаи дурусти ҳуқуқӣ барои барқарор накардани шартнома бо Абдумалик вуҷуд дошт ва мо идома надодани шартномаро дуруст мешуморем», — гуфта шудааст дар изҳороти созмон.
«Интернюс», ки як муассисаи байналмилалии ғайридавлатӣ аст, аз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва барои рушду матбуоти мустақил, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои нав ва боло бурдани таҷрибаву маҳорати хабарнигорони тоҷик кумак мерасонад. Мусоидат ба рушду такомули қонунгузории матбуот бахши дигаре аз кори «Интернюс» аст.