Рубрики Хабарҳо

Давлаталӣ Саид ширкатҳои эрониро ба Хатлон даъват кард

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо роҳбарони чанде аз корхонаҳои истеҳсолии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Бори аввал нест, ки чунин нишастҳо бо ширкату соҳибкорони хориҷӣ баррасӣ мегарданд, аммо дар аксари ҳолатҳо “ҳамкориҳо” аз ҳамон толори нишаст берун намераванд. 

Барои мисол, тибқи иттилои худи ҳукумати Хатлон, дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст. Ин ниҳод ин санадҳоро “замина барои таҳкими ҳамкориҳо” номида, аммо аз зикри ин ки созишномаҳо рӯи қоғаз боқӣ мондаанд худдорӣ кардааст.

Давлаталӣ Саид бо зикри зарфиятҳои вилоят изҳор дошт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад.

Ӯ афзудааст, ки дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд.

«Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад», — изҳор доштааст Давлаталӣ Саид ва ба соҳибкорони эронӣ масъалаи коркард дар дохилро пешниҳод намудаст.

Зикр шудаст, ки ҳамасола дар Хатлон то 300 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад, ки дорои сифати баланд мебошад.

Инчунин, беш аз 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз дорад.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилоят ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти минтақа мансуб ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.

Ба иитилоъи манбаъ “ҷониби эронӣ омодагии худро барои ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф баён доштаст”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *