Рубрики Хабарҳо

Сабукдӯш кардани роҳбарони мактаб барои бо либоси тунук баровардани хонандагон

Дар Андиҷони Ӯзбекистон роҳбарони мактаб барои бо либоси тунук ба берун баровардани хонандагони худ аз кор сабукдӯш карда шуданд. Барои омӯхтани вазъ аз ҷониби раёсати маорифи халқи вилояти Андиҷон як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот ошкор гардид, ки ба мактаби 43-юми Андиҷон як гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз зиёиён, рассомон ва ходимони илму фарҳанг таҳти шиори «Узбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» ташриф оварданд.

Хонандагон ба рӯйи ҳавлии мактаб танҳо барои пешвоз ва тамошои меҳмонон ҳамагӣ ба муддати 2-3 дақиқа баромаданд. Ин ҳам бо мақсади эҷоди як албоми аксҳои чорабинӣ буд, ки муовини директори мактаб оид ба корҳои тарбиявӣ аксбардорӣ кард. Ҳоло фурсати кӯтоҳи танаффус ба охир нарасида, хонандагон боз ба синфхонаҳо ворид шуданд.

Волидайни хонандагон иброз доштанд, ки аз ин ҳолат онҳо ҳеҷ эътирозе надоранд, зеро фарзандонашон муддати дароз дар берун набуданд.
Аммо иҷрокунандаи вазифаи директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии 43-юм ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаб, бо назардошти он, ки нисбати саломатӣ ва амнияти ҳар як хонанда дар мактаб бояд бештар аз ҷониби ҷомеа ғамхорӣ карда шавад, аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда шуданд.

“Хадамоти матбуоти Вазорати маорифи халқи Ӯзбекистон гуфт, ки онҳо қаблан ба ҳамаи директорони мактабҳо ва мудирони шӯъбаҳои минтақавии маорифи мардум ҳушдор дода буданд, ки ба чунин ҳодисаҳо роҳ надиҳанд” омадааст дар иттилоияи расонаи хабарии CentralAsia (UZ)

Ин дар ҳолест. ки дар Тоҷикистон ба хотири пешвози пешвою амалдорони атрофаш кӯдаконро дар ҳавои сард, гоҳо зери борон ҳам, бо либоси тунук соатҳои тӯлонӣ нигоҳ медоранд. Ҳолатҳои бешуморе шудааст, ки дар натиҷаи истодан дар ҳавои сард кӯдакон бемор шуда, давоми ҳафтаҳо ба мактаб намеоянд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *