Тоҷикистонро дар чанд рӯзи ахир сармои шадид фаро гирифтааст. Маркази обу ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки ҳавои сард ва «сармои сибирӣ» дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то рӯзи 8- уми январ идома хоҳад кард.
Бино ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии кишвар, ин «сармои сибирӣ» аст, ки «аз ғарби Сибир тариқи Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст».
Радиои Озодӣ менависад, Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ дар сӯҳбат ба ин расона гуфтааст, ду рӯзи ахир дар Душанбе ҳаво то 3 дараҷа сард аст ва эҳтимол дорад ин сардӣ рӯзҳои наздик ба як то ду дараҷа бирасад.
Ба гуфтаи хонум Байдуллоева, туманфароӣ ва барфрезӣ дар баъзе аз минтақаҳо то 6-уми январ идома хоҳад кард.
«Шабона аз 7 то 9 дараҷа ҳаво сард аст. Дар вилояти Хатлон, шабона ҳарорати 5-10 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард аст,».
Ба гуфтаи ҳавошиносон, баъди 8 уми январ ҳаво андаке рӯ ба гармӣ меорад.