Рубрики Хабарҳо

Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Сипоҳи Қудс, Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ал-Қоиъда

Амрико дар остонаи ҳаждаҳумин солгарди ёздаҳуми сентябр эълом кард, ки таҳримҳои ҷадидеро алайҳи “гурӯҳи васеъе аз террористҳо ва ҳомиёни онҳо” мисли Ҳизбуллоҳ ва Сипоҳи Қудс муқаррар кардааст. 

Вазорати хазонадории Амрико эълом кард, дар иқдоми ҷадид силсилае аз таҳримҳои тоза алайҳи раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ, ширкатҳои онҳо ва афроде, ки тасҳилгари умури ин гурӯҳҳо ҳастанд вазъ кардааст. 

Ба нақл аз веб-сайти ин вазоратхона, ин таҳримҳо, ки рӯзи сешанбе, 10 сентябр тавассути ин вазоратхона эълом шудаанд дар мавриди 15 раҳбар, ширкат ва афроди муртабит бо “гуруҳҳои террористӣ” қобили иҷро ҳастанд. 

Вазорати хазонадории Амрико гуфт, ки аз ҷумла гурӯҳҳои Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, шохаи Қудс Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Ал-Қоиъда ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” (Доъиш) шомили таҳримҳои ҷадиди Амрико ҳастанд. 

Ин таҳримҳо як рӯз пеш аз ҳаждаҳумин солрӯзи ҳамалоти 11 сентябр эълом шудаанд. 

Стивен Минучин дар баёнияи вазорати хазонадорӣ гуфтааст, ки аз замони ҳамалоти ваҳшатноки 11 сентябри 2001 давлати Амрико дар талош барои мубориза бо терроризм будааст. 

Минучин гуфтааст, ки равиши Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрико, дар мубориза бо террористҳо ҳадафи ҳамла қарор додани манобеъи молии гурӯҳҳои террористӣ аст. 

Аз ҷумлаи касоне, ки аз онҳо ба унвони раҳбари таҳримшудаи гурӯҳи террористӣ ном бурда шуда Маҳмуд Саид Эзадӣ аст, ки гуфта шуда раиси дафтари Фаластини нерӯҳои Қудс дар Лубнон аст. 

Ҳамчунин Зоҳир Ҷабборин, робити Ҳамос ва сипоҳи Қудс, ки дар Туркия мустақар аст яке аз афроди таҳримшудааст. 

Чанд саррофхона ва як ширкати ҷавоҳирӣ дар ҷануби Туркия ҳам ҷузъи таҳримшудагон ҳастанд. 

Таҳримҳо ҳар доираеро, ки афрод ва ширкатҳои мавриди таҳрим дар Амрико доранд масдуд мекунанд. Ҳамчунин шаҳрвандони амрикоӣ иҷозаи ҳеҷ гуна муомилаеро бо афрод ва ширкатҳои таҳримшуда надоранд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *