Намояндаи САҲА дар Варшава Лорена Барановская ба назди эътирозгарони тоҷик ҳузур карда гуфтааст, вазъияти сиёсии Тоҷикистон дар САҲА мавриди омӯзиш қарор дорад.
«Тазйиқу фишори мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва қишри руҳоният аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон ба як амри воқеъӣ табдил шудааст ва ин боиси нигаронӣ аст. Пеш аз ин ҳам чанд гузориш ва шикоятҳои дастаҷамъӣ ба САҲА дастрас шудаанд, ки мо омӯхта истодаем. Худи авҷи зиёд шудани сели паноҳандагони сиёсии тоҷик дар Аврупо нишонгари онаст, ки вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ғайри муътадил аст.» — таъкид намуда гуфтааст ин намояндаи САҲА
Лорена Барановкая афзудааст: «Имрӯз, ки шоҳиди таҷаммуъ ва норизоияти шумо аз боздошти вакилони дифоъ ва мухолифони сиёсӣ шудам ҳатман як гузорише омода намуда баёнияи ин тазоҳуроти Шуморо низ ба он замима мекунам ва ба роҳбарияти созмон ирсол хоҳам кард»
Қобили зикр аст айни ҳол тоҷикони муқими Ҷумҳурии Лаҳистон (Poland ) ба хотири озодии вакили дифоъ Ҷамшед Ёров ва тамоми маҳбусони сиёсӣ, назди бинои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)барои барпо намудани тазоҳуроти дастаҷамъӣ ҷамъ шудаандва тазоҳурот идома дорад.
Ду рӯз пеш мубтакирони ин тазоҳурот тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоми тоҷикони кишвари Лаҳистон даъват ба амал оварда буданд, ки дар ин чорабинӣ иштирок намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки баъди боздошти Ҷамшед Ёров тоҷикони муқими аксар кишварҳои ҷаҳон элон карданд, ки ба хотири озодии Ҷамшед Ёров ва маҳбусони сиёсӣ даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Дар ҳамин ҳамин росто 26-август дар Олмон назди дафтари СММ дар шаҳри Бон бо иштироки зиёда аз 100 нафар тазоҳурот баргузор гардида буд.