Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 22 нафар наврасону ҷавононро аз марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо боздошт намудаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бино ба манбаъ, дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 22 нафар аз ҷумла 13 нафар ноболиғон ва 9 нафар ҷавонон боздошт ва ба шуъбаи милитсия оварда шуданд.
Гуфта мешавад, аз онҳо 10 нафар барои оворагардӣ ва 12 нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли гузаштаи 2017 бо имзои як , раиси шаҳри Душанбе вуруди ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабонаро манъ карда буд.
Шарҳ дода шуда буд, ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо содир шудааст.
Дар қарори мазкур масъулони марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо муваззаф шудаанд, ки дар даромадгоҳи ин биноҳо эълони манъи мазкурро овезанд.
Гуфта мешавад, воридшавии ашхоси ба балоғатрасида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда мешавад.