Рубрики Хабарҳо

Бачаи авош

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии кишвар ва писари раисҷумҳур бори аввал ба ҳайси раҳбари ниҳоди қонунгузори кишвар ба Русия сафар кард. Бо вуҷуди воҳима сохтани расонаҳои давлатӣ аз сафари нахустини нафари дуввуми кишвар, тақрибан ҳеҷ масъалаи дар он ҳал нагардид. Ҳатто муҳоҷирони корӣ, гардонандаҳои аслии иқтисоди кишвар ва даҳҳо бизнеси шахсии “шоҳзода”, аз “илтифот”-и ӯ баҳравар нашуданд. 

Расонаҳои давлатӣ вохӯрии ӯ бо чанд мақоми баландпояи русро чун эътирофи мақомоти ин кишвар аз мақоми писари раисҷумҳур ба қалам медиҳанд, аммо коршиносон мегӯянд қабули Рустами Эмомалӣ аз тарафи мақомоти рус ҳеҷ бастагие ба эътироф надошта, вохӯриҳои протоколӣ байни мансабдорони ду кишвар аст. Баръакс, ниҳоӣ нагардидани ҳеҷ масъалае дар ин вохӯриҳо нишон медиҳад, ки мақомоти Русия нисбати Тоҷикистон камтарин тағйири назаре накардаанд, мегӯянд онҳо.

Ҳамчунин коршиносон ба ин назаранд, ки дар пасманзари ҳаводиси Белорус, Қирғизистон ва Арманистон, минбаъд мақомоти рус дар муносибат бо “шарикони стратегӣ” аз илтифоти бештаре кор хоҳанд гирифт, то аз дуршавии онҳо аз канорашон ҷилавгирӣ кунанд. Ин аст, ки ҳатто дар сурати барояшон нохушоянд будани гуфтугӯ дар як сатҳ бо “сиёсатмадоре” чун Рустами Эмомалӣ, наметавонистанд аз қабули ӯ дар Маскав худдорӣ кунанд. 

Аммо наворе, ки расонаҳои русӣ аз суханронии ӯ нашр карданд, муносибаташон бо раиси ММ Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.

Сафари раиси Маҷлиси Миллӣ аз сафарҳои ҳамешагии падараш камтарин фарқе надошт — танҳо дастфишорӣ, “баррасии масоил”, селфӣ ва воҳима дар расонаҳо. “Масоиле”, ки расонаҳои давлатӣ аз баррасии онҳо дар вохӯриҳои Рустам бо мақомоти рус хабар медиҳанд, 28 сол аст, ки падараш Эмомалӣ Раҳмон аноии сафарҳояш ба Маскав “ба баррасӣ” мегузорад, аммо ҳеҷ гоҳ ҳали худро наёфтаанд. 

Дар бораи вохӯрии раиси ММ бо ҳамтои русиаш агентии давлатии “Ховар” чунин менависад: 

“Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.

Зимни музокирот якчанд масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр зикр гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, ба зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид”.

Шумо метавонед хабарҳо дар бораи  сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар 20, 15, 10, 5 соли пешро бардоред ва бубинед, ки дар ҳама сафарҳояш ӯ айни ҳамин маъалаҳоро баррасӣ кардааст. Инҳо масоили протоколии ҳамешагӣ дар вохӯриҳои мақомоти ду ҷониб аст, ки ҳамеша дар бораашон сӯҳбат мешавад, вале аз дари ҳамон утоқи гуфтугӯ берун намеравад. 

Агентии давлатии “Ховар” дар бораи ин вохӯрӣ 4 “мақола” нашр кардааст, ки ҳамагӣ тақрибан ба як мазмунанд ва танҳо сарлавҳаҳояшон фарқ мекунад

Дар вохӯриву гуфтушуниди Русатми Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук ва дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб низ тақрибан ҳамин масоил баррасӣ шуданд. 

Дар вохӯриаш бо Жуков писари раисҷумҳур дар бораи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева низ зикр кард. Содироти “меваҳои биҳиштии Тоҷикистон” масъалаест, ки дар ҳар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Русияву Қазоқистон сухан ҳатман аз он меравад, ҳатто дар сафарҳои мақомоти ин кишвар аз меваву сабзавот пирамидаҳо сохта ба намоиш мегузоранд, аммо бо гузашти қариб 30 сол ин масъала ҳали худро наёфтааст. Бозорҳои ин кишварҳоро меваву сабзавоти Ӯзбекситон пур кардаанд ва содироти он бо суръат меафзояд. 

Рустами Эмомалӣ ба ҳайси шаҳрддори пойтахт бо ҳамтои русиаш Сергей Собянин низ вохӯрӣ анҷом дод Дар он Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид. Барнома бо мақсади тавсеаи  робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ғайраро дар бар мегирад. Хулоса ҳамон масоил танҳо байни ду шаҳр. Ва бо сабт дар қоғаз, ки ин гуна қоғазҳо дар 30 сол садҳо дона имзо шудаанд, аммо ҳамон тавр дар қоғаз мондаанд. 

Расонаҳои русӣ аз вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко ним дақиқаи суханронии раиси ММ Тоҷикистонро нашр карданд ва муносибати воқеъиашон бо ӯро ба намоиш гузоштанд. Ин қисми нашршудаи суханронии ӯ бо ин калимаҳо тамом мешаванд: ряда других многостранных парламентских институтов. Ӯ ба ҷои многосторонних многостранных гуфт, яъне ба ҷои бисёрҷониба бисёр аҷиб. 

Дар ин сафар, ки аввалин ҳам буду таваҷҷӯҳ ба он нисбати сафарҳои кайҳо одатшудаи Эмомалӣ Раҳмон бештар мушоҳида мешуд, Рустами Эмомалӣ шонси муаррифии худаш ҳади ақал барои муҳоҷирони тоҷику ҷалби назари мусбии онҳоро дар як сатҳи муайяне дошт. Яъне метавонист бо чанд намояндаи муҳоҷирон вохӯрӣ анҷом диҳад — ақалан вохӯрии онланйӣ бо баҳонаи коруно, масоили доғи рӯзи муҳоҷиринро бо мақомоти рус ба миён гузорад, аз бозоре ё сохтмоне, ки муҳоҷирони тоҷик дар он машғули коранд, дидан кунад, ба боздошгоҳи муваққатие, ки ҳамеша садҳо муҳоҷири тоҷик нигоҳдорӣ мешаванд, равад.

Аммо накарду нарафт. Ва нишон дод, ки барои ӯ ҳам муҳоҷири корӣ танҳо ғуломест, ки дар мактабҳои Тоҷикистон дарси ғуломӣ омӯзонида ба Русия фиристода мешавад, то ба кишвар асъори хориҷӣ ворид кунад. Асъоре, ки аз он 70 дарсади иқтисоди Тоҷикистон ва 90 дарсади бизнесҳои шахсии Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла холдинги монополисташ — “Авесто Гурӯҳ” мечархад. 

Ӯ нишон дод, ки фарзанди падараш аст ё ба гуфти бародарони ғармӣ “бачаи авош”. Ва ҳамон сиёсати падарашро идома хоҳад дод. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *