Нашрияи англисии Daily Mail дар гузорише менависад, Пекин қасд дорад ривояте нав аз Қуръон ва Инҷил бар асоси “арзишҳои сотсиалисти” ироа диҳад. Раҳбари ҳизби коммунисти Чин дар моҳи ноябр дастури арзёбии ҷомеъи китобҳои мазҳабиро додааст.
Чаҳоршанбе 25 декабр, хабаргузории католикии Олмон ба нақл аз портали интернетии Daily Mail аз бознависӣ ва баррасии Қуръон ва Инҷил дар Чин хабар дод. Веб-сайти ин нашрияи англисӣ аз қавли як мақоми аршади чинӣ менависад, қарор шуда нусхаҳои ҷадиди кутуби мазҳабӣ, ҳовии матолибе мағоир бо ақоид ва назароти ҳизби коммунист набошанд. Ба гуфтаи ин мақом, бахшҳое, ки дар идораи сонсур номатлуб ташхис дода мешаванд, тағйир карда ва аз нав нигошта хоҳанд шуд.
Зоҳиран мавзӯъ ба дастуре боз мегардад, ки ҳизби коммунисти Чин дар моҳи ноябр, барои арзёбии ҷомеъ аз кутуби мазҳабӣ бо ҳадафи бознигарӣ дар мӯҳтавоҳои мағоир бо пешрафтҳои замона додааст. Ин дастур албатта ҳеҷ номе аз Ќуръон ё Инҷил ба унвони кутуби муқаддаси мусулмонон ва масеҳиён намеовард.
Рӯзномаи фаронсавии Figaro низ дар ҳамин замина менависад, мақомоти мазҳабӣ бояд бо риояти дастури Си Чин Пинг, дабири кулли ҳизби коммунист ва раисҷумҳури Чин, идологияи мазоҳиби мухталифро дар татовуқ бо “арзишҳои бунёдини сотсиализм” ва “заруратҳои замона” табйин ва тафсир кунанд.
Дар воқеъ аз мутаваллиёни адён хоста шуда, ки “як системаи мазҳабӣ бо хусусиёти чинӣ” бисозанд ва бо арзёбии дубора ва бознависии кутуби мазҳабӣ, ҷилави “афкори ифротӣ” ва “андешаҳои бидъатомез” дар кишварро бигиранд.
Ин хабар дар ҳоле мунташир шуда, ки Чин ба хотири навъи рафтор бо ақаллияти мусулмони уйғур ва саркӯби ин гурӯҳ, таҳти интиқодҳои шадиди байналмилалӣ қарор дорад. Коршиносони Созмони милал мегӯянд дасти кам як миллион мусулмон дар урдугоҳҳои воқеъ дар Син Каёнг дар ғарби Чин нигоҳдорӣ ва шустушӯии мағзӣ мешаванд.
Чин мегӯяд ин урдугоҳҳо барои муқобила бо терроризм ва бозомӯзии афрод сохта шудаанд, аммо “Иттиҳодияи байналмилалии хабарнигорони таҳқиқӣ” мадорике ироа карда, ки нишон медиҳад уйғурҳо дар ин марокиз мавриди танбеҳ қарор мегиранд ва маҷбур ба ибрози надомат ва эътироф алайҳи худ мешаванд.
Сафири Чин дар Бритониё, чунин ахбореро ҷаълӣ хондааст.