Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон мехоаҳд пинҳонӣ аз ИА кумак гирад

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки аз Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи Барномаи Рушди Тандурустӣ кумаки молиявӣ гирад.

Дар охири моҳи декабр раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дод, ки лоиҳаи созишномаро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ӯҳдадор шуд, ки дар бораи сана ва ҷои имзои созишномаи зикршуда ба мувофиқа расад.

Дар матни лоиҳаи созишнома, ки ҳаҷми кумаки гирифтамешударо нишон медиҳад, ба касе нишон дода намешавад ва расонаӣ нахоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо моҳи апрели соли гузашта аз сафарбар намудани 48 миллион евро барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар самти муқовимат бо паҳншавии коронавируси нав хабар дод.

Гуфтанист, ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастгирии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 аз бисёр донорҳои байналмилалӣ кӯмаки молиявӣ гирифтааст.

Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул ба ҷумҳурӣ ба миқдори 189,5 миллион доллар қарзи имтиёзнок дода буд, инчунин аз Фонди Аврупоии Тавсеа ва Рушд ба маблағи 50 миллион доллар Тоҷикистон  қарз гирифтааст.

Бо ин мақсад грантҳо аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020, бинобар паҳншавии вирус, давлати Тоҷикистон маҷбур буд маблағгузории буҷетиро барои соҳаи тандурустӣ ду маротиба афзоиш дода, аз 1,8 миллиард то ба 3,6 миллиард сомонӣ расонад.

Ҳукумат ба хотири он ки хароҷоти зиёд дар ин соҳаро бартараф кунад ва норасоии буҷаи ин соҳаро пӯшонад, як қисми захираҳои тиллои худро фурӯхт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *