Рубрики Хабарҳо

Андози роҳ боқӣ мемонад. Ҳукумат беш аз пеш ба он ниёз дорад

Андоз аз истифодабарандагони роҳ дар Тоҷикистон, ки қарор буд аз 1 январи соли 2021 лағв шавад, боқӣ мемонад. Ҳукумат се бор ваъдаи кард ин намуди андозро лағв мекунад, аммо ҳар дафъа онро ба таъхир меандозад. 

Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи кишвар, ки имрӯз ба парлумон рафт, то лағви ин андозро ба таъхир гузорад ба вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки “агар андози роҳ мувофиқи нақша дар соли 2021 лағв мешуд, буҷа аз 600 миллион сомонӣ маҳрум мегашт”. 

Бори аввал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дар 23 апрели солли 2014 ваъда карда буд, ки андоз аз истифодабарнадагони роҳ аз аввали соли 2015 кам карда шуда, аз 1 январи соли 2017 лағв мегардад.

Қабл аз ӯ, дар соли 2012, вақте қабули Кодекси нави андоз баррасӣ мешуд, эълон шуда буд, ки аз январи соли 2015 ҳаҷми андоз аз истиодабарандагони роҳ кам карда шуда, дертар пурра лағв хоҳад шуд. 

Аммо охири соли 2016 бо дархости ҳукумат лағви ин намуди андоз то аввали соли 2021 ба таъхир гузошта шуд. 

Тибқи қонун. маблағи ҷамъовардашуда аз ин намуди андоз бояд ба таъмиру нигоҳдории роҳҳо масраф шавад, аммо аксари вақт он барои заруриятҳои дигари ҳукумат равона мегардад.

Коршиносон мегӯянд мушкилоте, ки дар иҷрои нақшаи даромади буҷа пеш омадааст қабули Кодекси наив андозро ҳам ба ақаб хоҳад пардохт. Дар кодекси нав баъзе сабукиҳо ба андозсупорандагон пешбинӣ шудааст, аз ҷумла поин бурдани сатҳи Андоз аз арзиши изофашуда. 

Ҳукумат дар ҳоле бо баҳонаи мушкили буҷа лағви ин андозро ба таъхир мегузорад, ки 1,5 дарсади буҷаи кишварро ба “Фонди захиравии пешвои миллат” ихтисос медиҳад. Фонде, ки танҳо раисҷумҳур ҳаққи истифодаи онро дорад ва маълум нест ин маблағ ба куҷо масраф мешавад.

Имсол маблағи ирсолшаванда ба “Фонди пешво” 2 миллион доллар афзоиш дода шуда, ба 404 миллион доллар баробар гардид. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *