10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Бег Сабурӣ ва вируси коруно

Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, аз пандемияи COVID-19 бештар кишварҳои зарар диданд, ки аз рушди технологияи рақамӣ ақиб мондаанд ва натавонистаанд зербиноҳои рақамии дархӯри замон роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора намояндагони ин бонк имрӯз 2 декабр дар як нишасти онлайнӣ дар мавъзӯъи “COVID-19 ва нобаробарии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” гузориш доданд. 

Қайд гардид, ки набудани зербиноҳои зарурӣ дар шароитӣ масофагирии ҷамъиятӣ, роҳандозии кори масофавӣ ё онлайнӣ, пайдо кардани дастрасӣ ба омӯзиш ва хидматрасонии онлайнии тиббӣ ва дар умум хидматрасониро ба мушкил мувоҷеҳ кард. 

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо истинода ба мегӯянд, ки дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба интернети босуръат ҳанӯз ҳам маҳдуд аст: фарогирии хонаводаҳо бо интернети босуръат тавассути шабакаҳои статсионарии алоқа дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3,1%-ро ташкил медиҳад. Баландтарин нишондиҳанда дар ОМ-ро Қазоқистон бо 35% дорад, аммо ҳатто онро мутахассисони БҶ хеле поинтар за нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ медонанд. 

Яъне таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ нишон додааст, ки маҳдудияти дастрасӣ ба интернети босуръат, ки яке аз сабабҳои аслии он дар инҳисори гурӯҳи муайян қарор гирифтану боло будани қиматаш аст, ба густариши саросарии вируси коруно дар Осиёи Марказӣ ва бештар аз ҳама Тоҷикистон сабаб шудааст. Дар тамоми кишварҳои дунё ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус қисмати бузурги коргарон ва хонаагони мактабҳову донишгоҳҳоро ба кори масофавиву онлайнӣ гузаронданд, то муошират дар идораву мадрасаҳо сабаби паҳншавии бештари вирус нагардад. Аммо чун дар Тоҷикистон бинобар суръати бисёр пасти интернет ва гаронии қимати он, чунин имкон тақрибан вуҷуд надорад тақрибан касе ба кори масофавиву онлайнӣ гузаронида нашуд. Ин боис гашт ба идораҳо рафтану якҷоя кор кардани одамон суръати паҳншавии вирус дар кишварро бамаротиб афзоиш диҳад. 

“Бӯҳрони вобаста бо COVID-19 воқеъяти “масофаи рақамӣ” байни онҳое, ки ба шабакаҳои рақамии алоқа дастрасӣ доранд ва онҳое, ки аз он машрумандро нишон дод”, гуфт раҳбари минтақавии БҶ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук. 

Интернет дар Тоҷикистон баъди таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ дар соли 2016 бо ибтикори раҳбари Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳур Бег Сабур, зери монополияи гӯё давлат рафт. То он замон ҳам Бег Сабур бо сӯистифодаҳояш аз мақоми давлатӣ рушди соҳаро ба рукуд табдил дода буд, аммо баъди таъсиси ин марказ ва пурра зери назорати ӯ гузаштани интернет дар Тоҷикистон, соҳаи коммуникатсионӣ, ки яке аз пешрафтатарин дар минтақа буд, ба ақбамондатарин табдил шуд. 

Тибқи иттилои манбаъи мӯътамади Паём, ҳанӯз соли 2014 бо розигии ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан раисҷумҳур, байни Хадамоти алоқа ва ширкати хусусӣ шартнома имзо шудааст, ки тамоми амалиёти пуливу молиявии Хадамоти алоқа ва Тоҷиктелеком тавассути ин ширкат сурат мегирад. Муассиси ин ширкат, чӣ хеле ки аллакай дарк кардед, ҷаноби Бек Сабурӣ аст. Ин “Ошно груп” ном дорад, ки ба писари Бег Сабур — Рамз Сабуров таъаллуқ дорад.

Қарор дар бораи “Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи электронӣ”, ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмон 30 декабри соли 2015 содир шуд, дасти Бег Сабуриро бозтар кард.

Давоми 10 сол, то 5-6 сол қабл соҳаи мухобироти Тоҷикистон то аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт ва пешрафтатарин дар Осиёи Миёна буд. То ҷое, ки Афғонистону Эрон ният доштанд аз хидматрасонии соҳаи мухобироти Тоҷикистон истифода баранд. Вале бо кӯшиши Хадамоти алоқа ва Кумитаи андоз система ба қафомондатарин дар минтақа табдил шуд.

Коршиносони ин соҳа мегӯянд аз қарорҳои ин ду ниҳод бозори мухобироти рӯз то рӯз фалаҷ мешавад. Онҳо коҳиши шумори истифодабарандагон ва даромади ин бозорро мисол мезананд. Дар ҳамин ҳол бозори кишварҳои дигар аз ҳисоби тавсеъаи фарогирии бозорҳои ҳамсоя ва пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии худ ба онҳо, рушд мекунанд. Хадамоти алоқа бо машғул шудан ба мубориза бо технологияҳо бештар ба бозори ватании мухобирот зарба мезанад, мегӯянд коршиносон.

Агар дар соли 2005 Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Миёна буд, ки стандарти 3G-ро роҳандозӣ кард, баъди 10 сол ба қафомондатарин кишвари минтақа дар ин соҳа табдил шуд ва ҳоло дар ҷаҳон ҳам яке аз намоёнтарин ҷойҳоро ишғол мекунад. Албатта аз поён. Ҳол он ки дар солҳо 2000-2007 Тоҷикистон дар сифати алоқа ва нархи он бо Русия ва Укроин рақобат мекард.

Баъди таҳмили андози ғайримустақими (аксизӣ) 3 фоиза дар соли 2010 ва 4 фоиза дар соли 2014, бозори мухобирот дар кишвар рӯ ба фалаҷшавӣ овард. Дар соли 2012 Хадамоти алоқа бидуни шарҳи сабаб, ширкатҳои мобилиро муваззаф кард, ки нархи тамос бо Русияро на камтар аз 12 сенти амрикоӣ муқарра кунанд. То он замон нархи тамоси телефонӣ бо Русия аз 1 то 6 сентро ташкил медод. Соли 2016 Сабурӣ ба ҳар симкорт 80 дирамӣ андози моҳона муқаррар кард. Ин қарорҳо зарбаҳои иловагӣ ба соҳаи мухобироти кишвар буданд ва ҷаримаҳои ҳангуфти таҳмилшуда ба онҳо бар замми ин зарбаҳо боис шуданд ширкатҳои мобилӣ солро зарар тамом кунанд.

Бег Сабурӣ на танҳо Хадамоти алоқаро ба бизнеси оилавӣ табдил додааст, балки оилаи Сабуриҳо маблағҳои аз Хадламоти алоқа ба дастовардаашонро дар тиҷоратҳои дигар низ истифода мекунанд. Ин оила чанд ширкати сохтмонӣ дорад, ки дар Душанбе, Қурғонтеппа, Кулоб, Данғара ва Ваҳдат хона месозад.

Ҳоло маълум шуд ҳамин монополиясозии соҳа ва ба бизнеси шахсӣ табдил додани он аз тарафи қудои раисҷумҳур, албатта бо дастгириву иҷозаи худи Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон ба вируси коруно гирифтор шаванд. Ин ба иловаи миллиардҳо доллар зараре, ки Бег Сабур ба иқтисоди кишвар ворид кардааст. Албатта имкони ҳисоб кардани ин ки чӣ миқдор одам маҳз бо сабаби ҳамин чашмгуруснагии қудои раисҷумҳур ба коруно гирифтор шуд, шояд ғайриимкон бошад, аммо ин ки масъулияти ҳазорон бемор ва садҳо марг аз он ба дӯши Бег Сабур ва қудояш аст, ҷои шубҳае нест.   

Мушкилоти дастрасӣ ба интернети босуръат дар минтақа, ба гуфтаи мутахасисони БҶ ба набудани ислоҳот дар соҳаи мазкур, монеъагузорӣ дар пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмиллалӣ, монополиякунии соҳа аз тарафи ширктаҳои давлатӣ, набудани мақомоти мустақили танзимкунӣ ва сатҳи пасти сармоягузорӣ вобаста аст. 

“Ислоҳот дар соҳаи телекоммуникатсионӣ метавонад дари имконоти зиёдеро барои Осиёи Марказӣ, аҳолӣ ва иқтисоди он боз кунад. Ҳамагӣ 10% бештар кардани дастрасӣ ба хати васеъи пайваст на кам аз 1% ба сатҳи рушди иҷтисодӣ меафзояд. Афзоиши 1%-ии воридшавии интернет бошад, содиротро 4,3% бештар мекунад” — гуфт мутахассиси калони Бнки ҷаҳонӣ оид ба рушди рақамӣ Михаил Бунчук. 

Ҳоло тасаввур кунед, ки Бег Сабуру қудояш бо монополияву ақабмонда кардани соҳа чӣ қадар ба рушди иқтисоди кишвар монеъа эҷод кардаанд

Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ таъкид карданд, ки кишварҳои ОМ бояд ба таҳкими мақомоти танзимкунанда ва рафъи ҳоати монополӣ дар соҳа тамаркуз кунанд. Яъне бояд соҳа пурра аз тасарруфи Бег озод карда шавад.

Ҳоло Бонки ҷаҳонӣ барои рушди рақамикунонии соҳа ба Қирғизистону Афғонистон маблағгузорӣ мекунад. Дар ин кишварҳо монополиякунонии соҳа боз дошта шудааст ва бо суръат рушд мекунад. 10 сол пеш ин ду кишвар аз Тоҷикистон интернет мегирифтанд, ҳоло Тоҷикистон аз Қирғизистон мегирад. Имкон дорад дар ояндаи наздик шоҳиди воридкунии интернат аз Афғонистони ба қавли мақомот “ҷангзада” шавем. 

40 млн нафар дар ҷаҳон ғуломанд

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *