Рубрики Хабарҳо

Муҳим! ВКД Русия муваззаф шудааст 75 000 муҳоҷирро ба ҷанг барад

Нусхаи фармони вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба дасти Паём расид, ки ба пулиси ин кишвар супориш додааст то 1 ноябр 75 ҳазор нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёнаро басиҷ созанд. Амр шудааст онҳоеро, ки аз рафтан ба артиши Русия худдорӣ мекунанд, аз ин кишвар ихроҷ намоянд.

Ин фармон, ки 22 сентябри соли 2022 таҳти рақами 542С содир шуда “Фармон дар бораи ташкили кори даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баро хидмат дар артиши Федерасюни Русия ба тарзи шарномавӣ” унвон гирифтааст ва аз 7 банд иборат мебошад:

1. То 1 ноябри соли 2022 даъвати шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси иҷозаи кор дар Русия қарор доранд ба шӯъбаҳои минтақавии Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохила барои супоридани даъватнома ба артиш ба онҳо созмондиҳӣ ва ба иҷро расонида шавад;

2. Нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки аз гирифтани даъватнома худдорӣ мекунанд, то 1 ноябр ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир намешаванд ва ё аз имзо кардани шартнома бо Неруҳои мусаллаҳи Федерасюни Русия худдорӣ мекунанд қарор дар бораи бекорсозии иҷозаи кор ва манъи вуруди онҳо ба Русия то 5 сол қабл карда шавад;

3. Равиши дар бандҳои 1 ва 2-и ин фармон зикршуда нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ карда шавад;

4. Нишондиҳандаи нақшавии ин фармон дар сатҳи ҳади ақал 75 000 нафар шаҳрванди хориҷии созишнома бо Неруҳои мусаллаҳи Федерасюни Русияро имзокарда то 1 ноябри соли 2022 муқаррар карда шавад;

5. Ин фармон зарурати бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Федерасюни Русияро надорад;

6. Ин фармон набояд расонаӣ шавад;

7. Назорати иҷрои фармонро ба худам вомегузорам.

Вазир, генерали пулиси Федерасюни Русия    В. Колоколтсев.

Маълум нест чаро Вазорати дохилаи Русия хостааст танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёнаро ба артиш ҷалб кунад, дар ҳоле, ки муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Қафқоз — Арманистону Озарбойҷон ва ҷумҳуриҳои худхондаи Осетияву Абхазия дар Русия қарор доранд ва кору фаъолият мекунанд. 

Ҳамчунин номи Тоҷикистон дар аввал оварда шуда ва мусаллам аст, ки тарҷеҳ ба тоҷикҳо дода мешавад. Дар ҳоле, ки шумори муҳоҷирони узбек ду баробар бештар аз муҳоҷирони тоҷик аст ва Қирғизистон бо Русия дар робитаи тангтаре қарор дорад. 

Қаблан манобеъи Паём аз ҷалби садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба артиши Русия хабар дода буданд. Аз ҷумла дар Красноярск даҳҳо шаҳрвнади Тоҷикистон ба хотири гирифтани шаҳрвандии Русия бо нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шартнома баставу артиш шуда буданд. 

Нусхаи фармон дар дасти Паём қарор дорад ва ба зудӣ нашр мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *