Ду ҳафтаи охир мақомоти андози шаҳри Душанбе ба тамоми марказҳои савдои шаҳр ҳуҷум бурда, тамоми тоҷирони ин марказҳоро бидуни ҳеҷ сабабе ҷаримабандӣ мекунанд. Ҳаҷми ҷарима вобаста аз тиҷорати соҳибкор аз 2 то 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба эътирози соҳибкорон кормандони мақомоти андоз посухи яксон доранд: супориши раиси шаҳр. Тоҷирон ҳам мегӯянд тарзи рафтори кормандони мақомоти андоз супориши раиси шаҳр будани ин “амалиёт”-ро тасдиқ мекунад. Онҳо мегӯянд ҳеҷ “тағабозӣ”-е кӯмак намекунад ва ҳамаро яксон ҷарима мекунанд.
Кормандони мақомоти андоз барои осон шудани кори худашон аввал тоҷирони як бахши маркази савдоро ҷамъ мекунанд ва мегӯянд, ки “барои мушкил нашудани кори мо ва худатон” фалон сомонигӣ ҷамъоварӣ карда супоред. Дар сурати қабул накардани соҳибкорон, онҳо барои ҳар нафари онҳо санад тартиб дода, ҷаримабандӣ мекунанд, аммо аллакай ба маблағи бузургтар.
Ин “амалиёт”-и мақомоти андоз дар марказҳои савдои “Саодат”, “Фурӯшгоҳи Марказӣ”, “Душанбе” “Ховарон”, “Осиё”, “Мерос” ва ғайра баргузор гашта, тоҷирон маҷбур ба супоридани ҷаримаҳо шудаанд.
Як манбаъ дар мақомоти андози шаҳри Душанбе ба Паём гуфт, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш додааст буҷаи шаҳр ба 2 миллиард сомонӣ расонида шавад ва ҷаримаситонӣ аз соҳибкорон бо ҳамин ҳадаф роҳандозӣ шудааст.
Рустами Эмомалӣ баъди расиданаш ба ин мақом даст ба сохтмонҳои бузург, аз ҷумла сохтмону таъмири боғҳои истироҳатӣ задааст, ки маблағҳои бузургро талаб мекунанд. Коршиносон мегӯянд сохтмону роҳсозӣ осонтарин пружаҳо барои пулшӯӣ ҳастанд.