9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҷопон кадрои давлатии Тоҷикистонро омӯзиш медиҳад

Вазири молияи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Душанбе тавофуқномаи кумаки билоиваз барои иҷрои тарҳи бурсияи таҳсилӣ (стипендия) барои омӯзиши кадрҳои давлатӣ ба имзо расониданд.

Ин тавофуқнома, ки ба имзои Файзиддин Қаҳҳорзода ва Токосако Монио расид, барои тақвияти тавонмандии кормандони давлат ва дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон, Токио аз тариқи Ожонси ҳамкории байналмилалӣ (Ҷойко) ба ин кишвар ҳудуди 2,5 миллион доллар кумак мекунад.

Ҳадаф аз ин тарҳи кумак ба тавсеаи Тоҷикистон аз тариқи тақвияти тавони кормандони давлатӣ, ҳимоят аз тавсеаи манобеи инсонии Тоҷикистон бо тамаркуз бар кормандони ҷавон ва тақвияти равобит байни Душанбе ва Токио аст.

Созмони хадамоти давлатии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарҳро бо ҳимояти молии намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, мавсум ба Ҷойко иҷро мекунад.

40 млн нафар дар ҷаҳон ғуломанд

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *