Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли равон аз 3 миллиарду100 миллион доллар гузашт. Агар ин ҳаҷми қарз ба ҳар як нафари аҳолӣ тақсим карда шавад, пас барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тақрибан 335 долларӣ (3800 сомонӣ) рост меояд.
Тибқи омор, аҳолии Тоҷикистон ҳоло беш аз 9 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил додааст.
Дар сохтори қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 миллиарду 18 миллиону 100 ҳазор доллар ба қарзи мустақими давлатӣ рост меояд. Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ — 91 миллиону 100 ҳазор доллар аст. Қарзи корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукумат бошад 31 миллиону 500 ҳазор доллар мебошад.
Қарзи Бонки Миллии Тоҷикистон аз Сандуқи Байналмилалии Пул, ки барои нигоҳ доштани тавозуни пардохт ҷалб шуда буд, 18 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми қарзи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки аз Чин гирифтааст, 2 миллион доллар аст. Ҳамчунин Бонки Миллӣ 2 миллиону 100 ҳазор доллар аз Бонки Исломии Рушд қарздор аст..
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли 2019, 2 миллиарду 890 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил додааст. Бо ҳамин ҳисоб аз моҳи октябри соли 2019 то октябри соли 2020 қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 270 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Қарзҳои бузурги Тоҷикистонро қарзҳо аз «Эксимбонк» -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Исломии Рушд ташкил медиҳанд.