Департаменти давлатии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико озодиҳои динӣ дар Узбекистонро дар ҳоли беҳбуд дониста, Чину Эронро дар миёни озордиҳандагони бадтарин дар ҷаҳон номбар кард.
Дар гузориши солонаи ИМА гуфта шудааст, ки Узбекистон соли гузашта аз феҳристи “бадтарини бадтаринҳо” дар поймолкунии озодиҳои динӣ хориҷ карда шуд ва ҳамоно дар ин самт қадамҳои мусбат мегузорад.
Майк Помпео, котиби давлатии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт, “дар давоми соли 2019 мо ҳеҷ як ҳодисаи марбут ба рейдҳои полис дар нисбати гурӯҳҳои сабтиномнашудаи диниро ба қайд нагирифтем, дар ҳоле, ки соли 2018 дар ин кишвар 114 ва соле аз он пеш 240 ҳодиса ҷой дошт. Ин як қадами бузург ва пешрафти воқеӣ аст”.
Ба ҳар ҳол Узбекистон дар феҳристи махсуси мавриди назорат мемонад, чун дар масоили озодиҳои динӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ “чандин” ҳолати поймолшавии ҳуқуқ мушоҳида шудааст.
Гузориши Департаменти давлатӣ дар бораи Тоҷикистон менависад, аз замони бар асоси Аҳдномаи байналмилалии озодиҳои динии соли 1998 ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ворид шудани исми ин кишвар, вазъ тағйир наёфтааст ва декабри соли 2018 Департаменти давлатӣ дубора Тоҷикистонро дар қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ёд кард.
Дар гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки конститутсияи Тоҷикистон ба намояндагони динҳои мухталиф ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ ҳақ медиҳад, ки дар маросимҳои динӣ иштирок кунанд.
Қонун ҳақи намозгузории мусалмононро бо маконҳои мушаххас маҳдуд карда сабтином ва макони ҷойгиршавии масҷидҳоро маҳдуд ва шаҳрвандони то 18-соларо аз ширкат дар маъракаҳои динӣ манъ мекунад. Салоҳиятҳои Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон доманадор буда, ба ин ниҳод ҳақ дода шудааст, ки сабтиноми созмонҳои динӣ, бунёди маконҳои ибодат, таҳсили динии кӯдакон ва назорат аз адабиёти диниро ба ӯҳда дошта бошад.
Дар гузориш омадааст, ки дар Тоҷикистон созмонҳои сабтиномшудаву ғайрирасмии динӣ пайваста мавриди рейдҳои полис қарор мегиранд ва таҳти назорат буда, бархеро маҷбур мекунанд, ки баста шаванд.
Дар вилояти Суғд 20 имомхатиб бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротӣ ба зиндон рафтанд. Гузориш мегӯяд, ки мақомот занҳову духтарҳои ҳиҷобпӯш ва мардони ришдорро ҳамоно озор медиҳанд ва занҳо пайваста таъкид мешаванд, ки аз пӯшидани либоси “бегона ба фарҳанги миллӣ” худдорӣ кунанд.
Ба ин гузориш, ки рӯзи 10 июн расонаӣ шуд ва то ҳол мақомоти тоҷик вокуниш накардаанд.