Дар ҳоле, ки мақомоти қирғиз баъди ниpоъи марзӣ дар соли гузашта бо Тоҷикистон артишашонро бо пешрафтатарин силоҳҳо тақвият мебахшанд, мақомоти Тоҷикистон камтарин вокунише ба он нишон намедиҳанд ва дар паи ҳали “мушкил”-и Бадахшон ҳастанд. Мехоҳанд бузургтарин вилояти кишвар аз нигоҳи ҳаҷмро, ки дар нуфуси аҳолӣ кӯчактарин аст ва баробари як ноҳия маскун дорад, билохира “шикананд”. Дар ҳамин вақт ба имкони комилан аз даст рафтани маҳалли стратегии дигари аз нигоҳи ҳаҷм кӯчак аммо аз рӯи нуфус ними Бадахшон — ҷамоъатҳои Воруху Чоркӯҳу Сурхи Исфара камтарин таваҷҷӯҳе надоранд.
Дар ин навишта, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, мо се нишонаи ин ки мақомоти Тоҷикистон камтарин омодагие ба нақшfи эҳтимолии Қирғизистон надоранд ва дар сурати шурӯъи ҳамлfи эҳтимолии ин кишвар дар кӯтоҳтарин мудат метавонанд ин се ҷамоъати бузургро аз даст диҳанд ишора карда будем, ки иборатанд аз:
Адами таҳарруки низомӣ дар марзи Қирғизистон;
Адами омодагии мардуми мулкӣ ба ҷанги эҳтимолӣ;
Адами дастгирии давлатии сокинони марзнишин;
Ҳоло мепардозем ба нишонаҳои дигар.
Кӯчи саросарии мардуми маҳаллӣ ва беэътиноии мақомот ба он
Ворух пешқадамтарин минтақа дар Тоҷикистон дар самти кӯчи мардум ба хориҷ аз кишвар ва манотиқи дигари кишвар аст. Ҳар дувумин хона дар ин бузургдеҳа баста аст ва сокинонаш барои ҳамеша ё ҳади ақал муддати тӯлонӣ онро тарк кардаанд. Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло ва Сурх низ истисно нестанд. На камтар аз 30 дарсади аҳолии ин деҳаҳо, ки ҳар кадом бузургдеҳ ҳастанд, тарки кишвар ё ҳади ақал деҳа кардаанд.
Мақомот камтарин вокунише ба ин кӯчиши хонахези мардум намекунад, дар ҳоле, ки бояд бо ҳар роҳе пеши роҳи онро бигирад. Чанд соли дигар идома кардани ин ҳиҷрати саросарии мардум ва идомаи фишори қирғизҳо болои сокинони ин деҳаҳо метавонад на танҳо ин ҷамоъатҳоро барои қирғизҳо холӣ кунад, балки барои зиндагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ низ нолозим месозад.
Тибқи иттилоъе, ки Паём дар даст дорад, дар як маҳаллаи наздимарзии ҷамоъатҳои зикршуда дар беш аз 50 хоҷагӣ ҳамагӣ ЯК оила боқӣ мондааст. Дар ду маҳаллаи дигар ҳам се-чор оилагӣ боқӣ мондаанд. Дар сурати шурӯъи низоъ ва Худо накарда ҳамлаи қирғизҳо, сокинони марзнишини қирғиз метавонанд дар кӯтоҳтарин муддат ин хонаҳоро аз худ кунанд. Ё ҳамонгуна, ки бо як замини Ворух карданд, як шаб 50 оилаи қирғизро дар ин хонаҳо ворид карда, эълон кунанд, ки он аз аввал хонаи худашон буд.
Мақомоти Қирғизистон на танҳо ба сокинони маҳаллаҳои марзнишинашон кумакҳои моддиву маънавӣ мерасонанд ва онҳоро бо ҳар роҳе ба дар ҳамон маҳалҳо мондан ташвиқ мекунанд, балки дар заминҳои холии наздимарзӣ ба собиқ ҷинояткорон ҷой медиҳанд.
Бо фарқ аз мақомоти қирғиз, мақомоти тоҷик ҷои дастгирии мардуми марзнишин, ҳамеша болои онҳо , ғорат мекунанд ва ҳатто низомиён ба занҳои маҳаллӣ гоҳе дастдарозӣ менамоянд.
Қаблан Паём дар бораи ғасби хонаҳои сокинони Ворух, ки моликонашон ба хориҷ рафтанд аз тарафи кормандони КДАМ ва ВКД навишта буд. Баъди нашри он ду афсаре, ки хонаҳоро бидуни иҷозаи моликонашон соҳибӣ карда буданд, аз он хонаҳо бароварда шуданд, аммо чанд рӯз пеш хабари дигаре расид, ки ҳади ақал як хонаи дигар аз тарафи афсари мақомоти қудратӣ ғасб шудааст.
Сокинони Ворух хабар медиҳанд, ки афсарони КДАМ ва ВКД гӯё барои истифода муваққат дар шӯъбаҳои ин ду ниҳод дар Ворух аз хонаҳо холимондаи сокинон яхдон ва баъзе техникаи маишии дигарро бурдаанд.
Як зани сокини ин деҳа бо хоҳиши фош накрадани номаш ба Паём гуфт, ки кормандони шуъбаи ВКД духтарашро бо кадом баҳонае ба шӯъба даъват карда, онҷо ба номусаш дастдарозӣ намудаанд.
Адами иттилоърасонии дохилӣ ва байналмиллалӣ аз вазъи воқеъӣ
Тоҷикистон на танҳо арсаро дар майдони ҷанги эҳтимолӣ бо Қирғизистон комилан холӣ кардааст, балки дар ҷанги иттилоъотӣ низ ба ҳамсоякишвар комилан бохтааст. Тамоми расонаҳои байналмилал вазъ дар марзи ду кишварро аз расонаҳои қирғиз мегиранд. Дар ҷанги соли гузашта бо вуҷуди будани тамоми далоил бар ин ки онро қирғизҳо шурӯъ карда ва ҳатто қисмате аз хоки Тоҷикистон аз ҷумла нуқтаи тақсими об дар Хоҷаи Аълоро забт карданд, кулли ҷаҳон ба ин назар буд, ки мубтакири ҷанг Тоҷикистон буд, ки бидуни сабаб ба Қирғизистон ҳамла кард.
Сабаби асосӣ ҳам ин буд, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳарфе дар бораи ҷанг намезаданд ва расонаҳои мустақил, ки шуморашон хеле кам мондааст, комилан сонсур шуданд. Дар муқобил мақомоти Қирғизистон ба тамоми расонаҳо, ба хусус расонаҳои русизабони инглисизабонашон маблағ ҷудо карданд, то ҳаводиси марзро ба нафъи онҳо гузориш диҳанд.
Ҳоло ҳам вазъ аслан тағйир накардааст ва тарафи қирғиз пирӯзии комил дар ҷанги иттилоъотиро нигаҳ медорад. Барои мисол, дар ҳоле, ки дар расонаҳои байналмиллалӣ вақте дар бораи Қирғизистон менависанд, асосан тақвияти артишу таҳаррук дар марзи Тоҷикистон матраҳ аст, дар бораи Тоҷикистон хабар аз таъқибу фишори бадахшониҳо ва маҳрумсозии як минтақаи бузург аз васоили оддии зиндагӣ мисли интернет меравад. Ба ҷои вокуниш ба амалкардҳои Қирғизистон дар тақвияти марз ва артишаш, давлати Раҳмон ҳанӯз дар ҳоли ҷанг бо мардуми Бадахшон қарор дорад. Ва ба назар мерасад сиёсаташро тағйир доданӣ нест. Гувоҳаш ҳам боздошти Манчеҳр Шеров, аз афроди Боқир, ки зери шиканҷа ба “гуноҳ”-и худашу Боқир эътироф кард.
Бо фарқ аз Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин минтақа пеш аз ҳама ҳамчун минтақаи як бизнеси бузурги домодаш менигарад, сипас чун қаламрави кишварашу беш аз 100 000 табаъааш, раисҷумҳури Қирғизистон ҳамагӣ дар 1 соли раёсаташ барои манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон, тақвияти марзҳо ва нерӯи низомиаш он қадар кор кард, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар 30 сол накрадааст. Қаблан агар, бо вуҷуди гузаштҳои ҳамешагии марзӣ, таносуби қувваҳо дар марз ҳамеша ба нафъи Тоҷикистон буд, ҳоло Қирғизистон барои мо рақобатнопазир шудааст.
Ин таҳаррукоти ҳамсоякишвар, аз ҷумла сафарбар кардани “Байракдор”-и туркӣ ва “Тигр”-ҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳадафаш танҳо ҳамонгуна, ки даъво дорад, ҳимоя аз марз нест. Ҳадаф метавонад бамаротиб бузургтар аз ҳимояи заминҳои давоми 50 соли охир ғасбкардааш аз Тоҷикистон бошад.
Аммо чаро мақомоти Тоҷикистон коре анҷом намедиҳанд ва дар фикраш ҳам нестанд? Як манбаъи Паём дар ҳукумат мегӯяд раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мутмаъинанд, ҳеҷ ҷанге рух нахоҳад дод. Онҳо ба низомномаи СПАД такя мекунанд ва мутмаъинанд, ки Путин иҷоза намедиҳад ҷанг шавад.
Дар ҳамин ҳол ҳаводиси ахир гувоҳи онанд, ки СПАД созмоне нест, ки бишавад ба он эътимод баст. Ҷанги Озарбойҷону Арманистон, ки дувумӣ узви СПАД аст бо шикасти комили Арманистон ва баргаштани қисмати аъзами Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон тамом шуд ва Русия ҷуз ворид кардани “нерӯҳои сулҳофар” баъди анҷоми ҷанг коре накард. Ҳоло он нерӯҳо ба ҷанги Укроин рафтаанд ва Озарбойҷон ба баргардонидани қисмати боқимондаи Қарабоғ шурӯъ кардааст.
Аз тарафи дигар, маълум нест барои Русия ҷанг дар минтақа ба нафъ аст, ё сулҳ. Ҳамчунин маълум нест Тоҷикистон барояш муҳимтар аст ё Қирғизистоне, ки дар сурати камтарин нишони дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Русия дар сурати ҷанг, комилан паноҳ ба Туркия хоҳад овард. Туркияе, ки Озарбойҷонро дар муқобили Арманистони зери ҳимояи Русия ба пирӯзӣ расонд.