Асъор ва иқтисод 09.12.2020
Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 09 декабр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 15 сомониву 35 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 69 дирам тарзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1859 доллару 51 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
Тоҷикистон фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳоро бо суръат афзоиш медиҳад. Фурӯши ин намуди маҳсулот ба хориҷ ҳоло беш аз нисфи ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил медиҳад ва ин раванд дар ҳоли афзоиш аст.
Дар даҳ соҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи $689,7 млн. сангу металҳои гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо содир кардааст. Аз маълумоти ироакардаи Агентии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ин нишондиҳанба ба 55 дарсади содироти умумии кишвар дар даҳ моҳро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад маблағи умумии содироти кишвар дар январ-ноябри соли 2020 ба $1 млрд. 253 баробар будааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, содироти сангу металҳои қиматбаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2019 беш аз 3,1 баробар афзоиш ёфтааст.
Соли гузашат Тоҷикистон дар ҳамин муддат ҳамагӣ ба маблағи 225,1 млн доллар тиллову сангҳои гаронбаҳо фурӯхта буд, аммо имсол маблағи бадастомада аз содироти ин намуди маҳсулот, ки $689,7 млн.ро ташкил додааст, нисбати даҳ моҳи аввали соли 2109 $464,6 млн бештар мебошад.
Мақомоти марбута кишвари воридкунандаи сангу металҳои Тоҷикистонро зикр намекунанд, аммо омор нишон медиҳад, ки додугирифти кишвар ба Суис (Швейтсария) беш аз 3 баробар афзоиш ёфта, ба $693,9 млн баробар шудааст. Аз ин маблағ беш аз $688,7 млн.ашро содирот Тоҷикистон ба Суис ташкил медиҳад.
Гуфтанист, Суис ба шарики аслии Тоҷикистон дар содирот табдил шудааст. 55 дарсади содироти Тоҷикитстон ба ин кишвар рост меояд.
Омор нишон медиҳад, ки имсол содироти молу маҳсулоти дигари Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд. Соли гузашта кишвар ба $1,2 млрд молу маҳсулот содир карда буд, ки ҳамагӣ 225 миллион, ё 20%-и онро сангу металҳои гаронбаҳо ташкил медод. 985 миллион доллари он аз фурӯши молу маҳсулоти дигар ба хориҷ ба даст омада буданд.
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, аз $1 млрд. 253 млн маблағи содирот ҳамагӣ $564 млн.ашро молу маҳсулоти дигар ташкил медиҳанд. $689,7 млн.и он ба сангу металҳои гаронбаҳо рост меоянд, ки 55 дарсали содиротро ташкил додаанд.
Агар содироти молу маҳсулоти дигар ба ҳамин минвол идома кунанд, маблағи он ба ҳудуди $675 млн баробар хоҳад шуд, ки нисбати соли гузашта 30% камтар аст!
Соли гузашта шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон Русияву Чин буданд, ки мутаносибан ба маӣлағи $957,5 ва $660,9 бо кишвари мо додугирифт карданд. Суис бо нишондиҳандаи ҳамагӣ даҳмоҳаи имсола нишондиҳандаи солонаи Чинро гузашт ва ба шарики рақами дуи Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷӣ табдил шуд. То охири сол метавонад ва шарики рақами 1-и тиҷорӣ табдил шавад.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 49 доллару 15 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 45 доллару 91 сент муомила шуд.
Чанд шабонарӯзи охир, яъне аз 5-уми декабр то 7-уми декабр, аксарияти банкоматҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар пул надоштанд, ки ин мардумро саргардон кардаст.
Даҳҳо сокинони маркази вилояти Хатлон зимни суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне 7-уми декабр, банкоматҳои “Амонатбонк” маблағ надоштанд. Танҳо рӯзи сешанбе масъулони “Амонатбонк” дар ду-се банкомат пул гузоштанду халос.
Масъулин низ тасдиқ мекунанд, ки аз сабаби набудани пули нақд аз рузи 5-уми декабри соли ҷорӣ 9 банкомати ин бонк дар Бохтар маблағ надошт.
Масъулин гуфтаанд, ки ҳарчанд мо дархост кардем, аммо бо кадом сабаб маблағро саривақт пардохт намекунанд, намедонем .
Гуфта шудааст, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ҳамагӣ 13 бонкомат фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 ададаш таъмирталаб мебошанд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки нисбат ба соли қаблӣ саршумори чорвои калон дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон то аввали моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд саршумори чорвои калон ба 667,1 ҳазор сар, чорвои майда 1,6 миллион сар, паранда 5 миллион сар ва асп 8472 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан чорвои калон 5,8 ҳазор сар, моли майда 16 ҳазор сар, паранда 1,2 миллион сар ва асп 77 сар зиёд гардидааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар вилоят давоми даҳ моҳи соли равон зиёдшавии саршумори чорвою паранда ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ барзиёд таъмин карда шуд.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 38,7 ҳазор тонна гӯшт, 209,6 ҳазор тонна шир, зиёда аз 487,7 миллион дона тухм, 1546,4 тонна пашм, 1388 тонна асал ва 524 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан гӯшт 5388 тонна, шир 3495 тонна, тухм 146,7 миллион дона, пашм 33 тонна, асал 19 тонна ва гӯшти моҳӣ 327 тонна зиёд мебошад.