Рубрики Хабарҳо

То 15 сол барои “лайк”

Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13-июн тағйирот ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноии кишварро қабул карданд, ки тибқи он минбаъд барои ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ хатари зиндон шудан барои “лайк” таҳдид мекунад.

Акнун дар Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва “сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ” тавассути интернет ҷурм шинохта мешавад.

Бознашр кардани маводи “хусусияти террористидошта” ё ҳатто писандидани онҳо метавонад чун “сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ”. “Маводи хусусияти террористидошта” бошад метавонад дилхоҳ навиштаи мухолифине, ки дар Тоҷикистон террорист эълон шудаанд, талаққӣ шавад.

Вакилон аз ворид кардани ибораи “ё шабакаи интернет”  ба банди дувуми ин моддаи 179 КҶ ҶТ ҷонибдорӣ карданд ва минбаъд  содир кардани ҷинояти дар ин модда зикршуда тариқи шабакаи Интернет ҳам ҷиноят эътироф мешавад.

Тибқи ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазо дар шакли ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 сол дар назар гирифта шудааст. Дар шарҳи “сафедкунии оммавии терроризм” дар Кодекси ҷиноӣ гуфта мешавад, “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

Қаблан додгоҳи вилояти Хатлон сокини ин вилоят Алиҷон Шариповро, ки навори баромади Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Абдуҳалим Назарзодаро (Ҳоҷӣ Ҳалим) бознашр карда буд, ба 9.5 соли зиндон маҳкум карда буд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *