Сӯхтор дар Бритониё 70 мошини пурқиматро бо арзиши даҳҳо миллион доллар ба хокистар мубаддал кард
Дар музофоти Чешири Англия сӯхторе рух дод, ки ҳудуди бузургро фаро гирифт. Гуфта мешавад, ки яке аз биноҳое, ки оташ гирифтааст, 70 адад мошинҳои тамғаи суперкари беназир дорад, хабар медиҳад Motor. Сӯхтор инчунин чанд мошини гаронарзишро, аз ҷумла модели 4 миллион доллараро нобуд кардааст.
Ба дастаи оташнишонии маҳаллӣ дар бораи оташсӯзӣ соати 10 хабар расид. Наҷотбахшоне, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, бо чанд биное дучор омаданд, ки аллакай дар коми оташ мондаанд. Ба гуфтаи соҳиби амвол, дар дохили бино даҳҳо мошинҳои варзишӣ мавҷуд буданд. Шаш гурӯҳ (экипаж) дар давоми якчанд соат бо алангаи оташ мубориза бурданд, вале ҳеҷ як мошинро наҷот дода натавонистанд. Дар натиҷаи сӯхтор ҳама суперкарҳо хокистар шуданд.
Маълум шуд, ки дар гаражи минтақаи бино тақрибан 70 мошини истисноӣ, аз ҷумла моделҳои Ferrari, Lamborghini, Porsche ва Jaguar мавҷуданд. Зарари асосӣ ба соҳиби амвол сӯхта нобуд шудани суперкар буд, ки ба маблағи 4 миллион доллар арзиш дорад.
Арзиши умумии мошинҳои сӯхта ва зарари расонидашуда ҳангоми тафтиш муайян карда мешавад. Аммо ҳоло метавон тахмин кард, ки соҳиби як мошини нодир даҳҳо миллион долларро аз даст додааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки сӯхтор бо кадом сабаб рух додааст.