Рубрики Хабарҳо

Ҷалолиддини Маҳмуд дубора равонаи зиндон шуд

Ҷалолиддини Маҳмуд собиқадор ва узви собиқи раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дубора ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар медиҳад.

Ҷалолиддин Маҳмудов, ки моҳи феврали соли 2015  бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни афв озод шуда буд. 

Ӯро рӯзи 3 августи соли ҷорӣ аз хонааш дар Ҳисор дастгир карданд. Бо чӣ ҷурм маҳкум шудани ӯ маълум нест, вале ба иттилоъи манбаъ, ҳукми Ҷалолиддин Маҳмудовро ахиран як додгоҳ дар Душанбе содир кардааст. 

Рӯзи 18 август додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви дигари зиндонии РО ҲНИТ-ро бо ҷурми ҳамкорӣ ба ҳамкорӣ бо ин ҳизб муттаҳам ва ба 5 соли зиндон маҳкум карда буд. 

Ҷалолиддин Маҳмудовро рӯзи 3 август аз манзилаш аз деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор барои бозпурсӣ бурда буданд ва баъди чанд соат манзилашро кофтукоб карда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Сабаби боздошти узви собиқи раёсати ҲНИТ эълон нашуда буд ва дар тӯли чоруним моҳе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, тафсилоте дар бораи парвандаи ӯ аз ҷониби мақомот дода нашуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *