Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди наве илова гардидааст, ки “таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат” ном дошта, таъкид мегардад, кунун мояи нигарониҳои журналистони тоҷик шудааст.
Созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон мегӯяд, барои “таҳқиру тӯҳмат ба призидент” муайян гардидани ҷазо кори эҷодии журналистонро маҳдуд ва ҷараёни пешрафти озодии баёнро дар кишвар масдуд хоҳад сохт.
Дар банди ҷадиди Кодекси ҷиноӣ барои таҳқиру тӯҳмат ба раисҷумҳури кишвар дахл, хусусан тавассуси матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, 5 соли зиндон муқаррар шудааст. Сомонаи “Тоҷнюс” аз қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштааст
масъала на танҳо дар баҳсбарангез будани таъйини муҷозот барои таҳқир, балки инчунин дар мушаххас набудани мафҳуми таҳқиру тӯҳмат аст.
Ҷаноби Қаришибоев гуфтааст, ки банди Кодекси ҷиноӣ дар робита ба “таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат” фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои хабариро дар маҷмӯъ ба бунбаст гирифтор месозад. Вай моҷароро дар атрофи рӯзномаи “Нигоҳ” ба тариқи мисол зикр намудааст, ки ин рӯзнома пас аз иштибоҳан афтодани як ҳарф аз калимаи “президент” дучори мушкил гашта ва оқибат нашри худро боздоштааст.
Журналистони тоҷик нигарон гаштаанд, ки фоҷеаи “Нигоҳ” ба сари ҳамаи расонаҳои мустақил ва дигарандеши кишвар хоҳад омад ва озодии сухан дар Тоҷикистон минбаъд сери суол хоҳад рафт.