Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз истиқрори 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд
Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ин ҷангҷӯён, ки аъзои чаҳор гурӯҳи террористӣ ҳастанд, ахиран аз манотиқи Ҷурм ва Вардӯч ба ноҳияи Дарвоз дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ва бо Толибон ҳамкории наздике доранд.
Тибқи иттилои хабаргузории “Парстудей”, Ахтар Муҳаммад Хайрзода аз гурӯҳҳои Ҷамоъоти Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии туркистони шарқӣ ва Иморати исломии Қафқоз ба унвони муттаҳидони Толибон ёд кардааст, ки дар наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон мустақар шудаанд.
Мақомоти амнияти Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоде аз атбои ин кишвар аъзои гурӯҳи Ансоруллоҳ ҳастанд ва Тоҷикистон бо тарафи Афғонистон дар заминаи расади фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳамкории наздике дорад.
Коршиносон таҷаммуъи ин ҷангҷӯён дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро барои амнияти Тоҷикистон хатарнок медонанд.