Рубрики Хабарҳо

Дар Эрон хонандаи суруди “рӯсарӣ ту дар биёр” боздошт шуд

Хабаргузориҳои Форс ва Тасним, наздик ба Сипоҳи Посдорон, рӯзи душанбе аз боздошти Маҳди Яроҳӣ, ҳунарманд ва хонандаи эронӣ, хабар доданд. 

Бар пояи гузориши ин хабаргузориҳо, боздошти Яроҳӣ ба дастури додситони Теҳрон ва дар пайи интишори таронае, ки “ғайриқонунӣ” унвон шуда, сурат гирифтааст. 

Яроҳӣ ахиран ва дар остонаи солгарди шаклгирии ҷунбиши «Зан, зиндагӣ, озодӣ» ва бурузи эътирозҳои хиёбонӣ ба ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ дар ҷараёни боздошт аз сӯи маъмурони Гашти Иршод, таронаеро ба номи “рӯсарӣ ту дар биёр” хонд ва мунташир кард. 

Яроҳӣ дар тӯли эътирозҳои соли 1401 низ аз ҷумлаи ҳунармандони мудофеъи ҳуқуқи мӯътаризони эронӣ дар баргузории эътирозҳои мусоламатомез ва лағви қонуни ҳиҷоби иҷборӣ буд. Ў соли гузашта низ таронаи “Суруди зан”-ро иҷро кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *