Рубрики Хабарҳо

Ҷалолиддини Маҳмуд дубора боздошт шуд

Узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ Ҷалолиддини Маҳмуд, ки як сол қабл аз зиндон озод шуда буд, дубора боздошт ва ба макони номаълум бурда шудааст. Ӯро субҳи дирӯз боздошт карда, чанд соат пас китобҳояшро ҳам бурдаанд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз вай нест.

Манбаъи Паём гуфт боздошткунандаҳо дар либоси мулкӣ буданд ва маълум нест ба кадом ниҳод таъаллуқ доранд. Назари хонаводаи Ҷалолиддини Маҳмуд низ ҳанӯз дастрас нест. 

Ҷалолиддини Маҳмуд дар аввали соли 2015 бо итиҳоми нигоҳдории силоҳ боздошт шуд ва моҳи апрели соли 2019 тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад. 

Ӯ борҳо дар зиндон , то назди наворбардор алайҳи ҲНИТ изҳорот диҳад, аммо ҳозир нашуд.   

Мақомот дар зиндон борҳо кӯшиданд иттиҳомоти тозае алайҳи ӯ бисозанд, то созанд. 

Гуфтанист, 5 рӯз қабл узви дигари собиқи Раёсати Олии ҲНИТ Исломуддин Файзалӣ низ . То ҳол хабари дигаре аз вазъи ӯ дастрас нест ва мақомот низ расман ҳеҷ иттилоъе дар ин бора надодаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *