Рубрики Хабарҳо

Ҷамшед Зиёев ва амволаш куҷо шуданд?

Аз боздошти раиси собиқи “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев бештар аз се моҳ сипарӣ шуд, аммо мақомот иттилоъе дар бораи раванди баррасии парвандаи ӯ надодаанд. Амонатгузорони ин бонк низ ҳеҷ маблағе аз пулҳои дар он гузоштаашон дарёфт накардаанд.

Зиёев рӯзи 24-уми март боздошт ва ба ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои амонатгузорон  муттаҳам шуд.

Дертар комиссиюни барҳамдиҳии Тоҷпромбонк бӯстонсарои собиқ раҳбари кулли ин бонк Ҷамшед Зиёевро дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав ба музояда гузошт.

Қимати шурӯъии бӯстонсарои Зиёев 9,6 миллион сомонӣ эълон шуд. Гуфта мешавад масоҳати зисти он 739м2 ва масоҳати ҳавлияш 2043м2 аст. Одинсово яке аз ноҳияҳои гарони вилояти Маскав ба шумор меравад.

Ҳамчунин 4 бӯстонсаро Зиёев дар ноҳияи Варзоб ҳам дар музояда қарор гирифтанд, ки 36 миллион сомонӣ нархгузорӣ шуданд. Тамоми дороии бонк, аз ҷумла идораи марказӣ ва тамоми иморатҳои он дар кишвар ба музояда гузошта шуданд.

Ширкати истеҳсолии вобаста ба Ҷамшед Зиёев — Тропикан Инвест низ ба фурӯш гузошта шуда, 29,2 миллион сомонӣ нархгузорӣ шуда буданд. Қимати шурӯъии шабакаи ширкатҳои  Даҳбед 48 миллион сомонӣ гуфта мешуд. Корхонаи дӯзандагии ӯ “Шарофат” дар Ҳисор 31 миллион сомонӣ нархгузорӣ шуд.

Аммо то ҳол аз фурӯхта шудан ё нашудани ин ҳама дороӣ ва ба куҷо рафтани малбағҳои он иттилоъе нест. Амонатгузорон ҳам ҳеҷ маблағе аз амонатҳояшонро дастрас накардаанд.

Дар баъзе аз биноҳои Тоҷпромбонк ширкати тозатаъсиси қарздиҳии “Ардо Капитал” ба фаъолият оғоз кардааст. Ин ширкат бо сармояи оинномавии 7 миллион сомонӣ моҳи декабри соли 2015 — замони авҷи бӯҳрони бонкӣ таъсис ёфтааст. Муассиси ягонаи он нафаре бо номи Ли Минганг аст.

Бино ба маълумоти ахир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Чуноне ки қаблан Паём хабар дода буд, дебиторҳои асосии Тоҷпромбонк танҳо 12 ширкат ҳастанд. Маблағи умумии қарзи онҳо аз бонк 219 миллион сомонӣ ё 25 миллион доллар мебошад.

Қарз аз дасти чап ба дасти рост

Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои дастрас нишон доданд, ки бештари пулҳоро Тоҷпромбонк ба пружаҳои худаш ҷудо кардааст.

Масалан санадҳо нишон медиҳанд, ки аз номи Тоҷпромбонк ду ширкат, ки ба хизматрасонӣ машғуланд ба қайд гирифта шудаанд — Даҳбед Д и Даҳбед М. Ин ду ширкат аз бонк ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтаанд. То имрӯз он қарзҳо баргардонида нашудаанд.

ЧДММ “ТПТ-ПЭТ”, ки моликаш худи Тоҷпромбонк аст, ба бонк 27 миллион сомонӣ ($3 млн) қарздор аст. Аз ин бонк ҳамчунин “ТПТ авто”, ки ба ҳамул нақли мошинҳо машғул аст, 6 миллион сомонӣ ($681 ҳазор) қарз гирифтаву барнагардонидааст.

Ширкати “Промстрой”, ки ба Тоҷпромбонк 3,4 миллион сомонӣ ($386 ҳазор) қарздор аст, ба “Тропикан инвест” таъаллуқ дорад, ки ба сохтмон машғул аст. Дар навбати худ “Тропикан инвест” ба Тоҷпромбонк таъаллуқ дорад.

Бузургтарин қарзро назди Тоҷпромбонк  “ТПБ-АКВА”, дорад ки ба 60,7 миллион сомонӣ ($6,8 млн) баробар аст.  “ТПБ-АКВА” мутаъаллиқ ба писари роҳбари бонк Ҷамшед Зиёев — Зиёев Азиз Ҷамшедович мебошад. Ба номи Азиз Ҷамшедович ҳади ақал се ширкати дигар ба қайд гирифта шудааст:  “ТПБ-Ангишт”, ки ба коркарди ангишт машғул аст, ширкати тиҷории “ТПБ-Капитал” ва ширкати авиатсионии лизингии “АДМ-Эйр”.

Ба кадом як ширкати ҳавопаймоии воқеъ дар Ҳамбурги Олмон, Тоҷпромбонк 15 миллион сомонӣ ($1,7 млн) додааст.

Дебиторҳои бузурги дигари бонк ширкатҳои “Олим Текстайл” ва “Коттон Текстайл” ҳастанд, ки ба Ҷамшед Абдулов Абдулов таъаллуқ доранд. Ин соҳибкор асосан ба тиҷорати пахта дар Тоҷикистон машғул аст. Амалан тиҷорати пахтаи Тоҷикистон ба додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Абдулов аз Тоҷпромбонк 39 миллион сомонӣ  ($4,4 млн) қарздор аст.

Ширкатҳои магнати пахта Ҷамшед Абдулов ҳам ба музояда гузошта шуда буданд. Тибқи маълумоти мухталиф, ӯ ба бонк аз $4,4 млн то $15 млн қарздор аст ва Абдулов тамоми дороиҳояшро ба номи бонк гузаронидааст, ки бо ин роҳ худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот додааст.

Бинои маъмурии ширкати ӯ “Олими Каримзод” ба фурӯш гузошта шуда буд, ки 9 миллион сомонӣ қимат дорад. “Олим Текстайл” дар Конибодом 5 миллион ва дар Масчоҳ 4 миллион сомонӣ нархгузорӣ шуда буд. То ҳол мақомот аз фурӯше кадоме аз ин амвол иттилоъе надодаанд.

Инчунин ширкати “Ҷаҳон Сайр”, ки ба хизматрасонии авиатсионӣ машғул асту ба Беҳрӯз Ҳасан таъаллуқ дорад аз Тоҷпромбонк 21 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтааст. Беҳрӯз Ҳасан писари як корманди баландпояи Додситонии кулл аст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *