Рубрики Хабарҳо

Сарбозони дар Рушон ғарқшуда ёфт шуданд?(Видео)

Пайвандони Сироҷиддин Ятимов, яке аз ду сарбози дар Рушон гумшуда ба Паём хабар доданд, ки ҳангоми ҷустуҷӯ ду нафар бо либоси сарбозӣ аз дур ҷустуҷугаронро дида гурехтаанд. 

Сангин Ятимов, падари Сироҷиддин Ятимов ба Паём гуфт, бо эҳтимоли зиёд он ду сарбози фироркарда, ҳамин сарбозоне ҳастанд, ки як талабаи синфи 10 уми ноҳияи Рушонро ба хотири аз ғарқшавӣ наҷот додан худро ба об андохта буданд. 

Ба бовари Сангин Ятимов “эҳтимол онҳо аз тарси онки писарбачаро наҷот дода натавонистанду гумон доранд писарбача ғарқ шудааст, аз тарси ба ҷавобгарӣ кашида шудан, худро пинҳон кардаанд”. 

“Шояд онҳо ягон дастрасӣ ба интернет ва расонаҳо дошта бошанд, шояд хабарҳоро хонанд, бояд онҳо огоҳ карда шаванд, ки нафареро, ки мехостанд аз қарқшавӣ наҷот диҳанд, наҷот ёфтааст. Ғарқ нашудааст. Онҳо воқеан ҷони худро ба хатар монда, сахт кушиш кардаанд. Қаҳрамонӣ нишон додаанд. Бояд худро таслим кунанд” — мегуяд Сангин Ятимов. 

Гуфтанист, чанд рӯз аст расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ аз қаҳрамонии ду сарбоз дар ноҳияи Рӯшон мегӯянд. Тибқи хабарҳо Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози як қисми марзбонӣ мехостанд хонандаи мактабро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд, вале худашон ҳамроҳ бо ӯ ғарқ шуданд. Аммо падари Сироҷиддин — Сангин Ятимов ба ин фарзия бовар надорад ва ба ин назар аст, ки писараш ҷои дигаре кушта шудааст.

Тибқи фарзияи мақомот, як хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон бо қасди худкушӣ худро ба об мепартояд. Сироҷиддин ва Қандилҷон ҳам ҳам барои наҷоти ӯ вориди дарё мешаванд вале наметавонанд на сарбозро наҷот диҳанд ва на ҷони худро. 

Як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон бо номи Ҳасан Раҷабов, ба расонаҳо гуфтааст, ки сарбозон дар аввал талош кардаанд, ки аз қасди худкушии ин писар  ҷилавгирӣ кунанд ва ӯ худашро ба об напартояд.

“Вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозонро шояд виҷдонашон азоб медиҳад, ки барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин музаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”, — гуфтааст Ҳасан Раҷабов.

Ҳамчунин мақомот гуфтаанд, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони Рӯшон ба ҷустуҷӯ сафарбар шудаанд.

Аммо Сангин Ятимов, падари сарбози гӯё ғарқшуда Сироҷиддин Ятимов мегӯяд чанд ҳолат ба дурӯғ будани ин фарзияи мақомот ишора мекунад. Ӯ ба Паём гуфт аввал хабари худро ба об партофтани сарбоз нашр шуд, аммо дар он хабар ҳарфе аз сарбозон набуд. “Агар ин ки сарбозон барои наҷоти ӯ худро ба об партофтанду ҳамроҳи ӯ ғарқ шуданд, пас чаро дар хабар аз онҳо ҳарфе набуд?” — суолгузорӣ мекунад Ятимов. 

“Танҳо баъди ду рӯзи хабари хадро ба об андохтани хонандаи мактаб, сарбозонро ҳам ба он илова карданд ва гуфтанд, ки барои наҷоти ӯ худро ба об андохтанду ғарқ шуданд”, — мегӯяд, падари сарбоз. 

Ҷустуҷӯи Паём нишон дод, ки дар бораи ғарқ шудани наврас дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 2 октябр хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода хабар додааст. Воқеъан дар он ҳеҷ ҳарфе дар бораи ҳамроҳи наврас ғарқ шудани ду сарбоз нест.  Дар ин хабар АП рӯзи ҳодисаро 1 октябр мегӯяд, аммо Радиои Озодӣ, ки дар ин бора рӯзи 3 октябр навиштааст, рӯзи ҳодисаро 29 сентябр зикр кардааст. Як ҳамхидмати Сироҷиддин Ятимов, ки бо хоҳари ӯ сӯҳбат мекунад низ 29 сентябр воқеъ шудани ҳодисаро тасдиқ мекунад.   

Сангин Ятимов ҳамчунин ба Паём гуфт, ки ҳодиса тибқи гуфтаи мақомот рӯзи 29 сентябр рух додааст, аммо ба хонаводаи онҳо танҳо 4-уми октябр хабар додаанд. “Агар воқеъан рост мегӯянд, пас чаро ҳамон рӯз ё фардои он моро хабардор накарданд?” — мепурсад ӯ. 

Суоли дигари падари ҷигарсӯхтаи сарбоз ин аст, ки фармони хатми хизмати писараш рӯзи 27-уми октябр баромада буд, аммо тибқи гуфтаи мақомот ӯ рӯзи 29 октябр дар посгоҳ қарор дошт ва адои хизмат мекард. Дар ҳоле, ки ҳақ надоштанд баъди баромадани фармон дигар ӯро барои адои хидмате фиристанд ва ӯ бояд то аз қисми ҳарбӣ хориҷ шудан дар онҷо боқӣ мемонд.

Ба суоли Паём дар бораи ин ки кай хонаводааш бо писараш дар тамос шуда буданд, падари сарбоз гуфт, ки рӯзи 27 октябр Сироҷиддин ба хоҳараш занг зада аз судури фармони мураххас шуданаш аз артиш хабар додааст. Ҳамчунин ӯ гуфта, ки бегоҳ ҳамроҳ бо ҳамхидматонаш ош мекунанду судури фармонро ҷашн мегиранд. Ба хоҳараш рақами телефонеро дода гуфтааст, ки бегоҳ “дар хат бош, ман аз ҳамин рақам занг мезанам”. Аммо на он бегоҳ ва на рӯзҳои дигар аз худ дарак надодааст.

Падари Сироҷиддин тахмин мезанад, ки ҳамон рӯз бо писараш ҳодисае рух додааст. “шояд латукӯб кардаанд, шояд парондаанд” — мегӯяд ӯ. Ба суоли Паём дар бораи ин ки оё қаблан писараш аз латукӯб ё фишоре болояш шикоят крада буд, Сангин Ятимов гуфт, ки писараш ҳам варзишгар буд ва ҳам донандаи хуби компютер. “Ӯ бо ҳар касе боре сӯҳбат мекард, ҳатман дӯсташ медоштанд. Хеле ҷавони зиндадилу хушчақчақ буд ва ворид шуданаш бо касе ба хархаша бо нудрат воқеъ мешуд” — гуфт Ятимов дар ҳоле, ки садояш аз гиря меларзид. 

Ӯ ҳамчунин гуфт писараш дар посгоҳ қумондон буд ва шаш нафарро сардорӣ мекард. 

Чизи дигаре, ки падари сарбозро ба шубҳа андохтааст, пайдо шудани ҷасади он хонандаи мактаб, аммо то ҳол ғоиб будани аҷсоди писараш ва ҳамхизмати ӯст. Дар ҳамин ҳол Вазорати дифоъ даъво кардааст, ки барои ҷустуҷӯи ин ду сарбоз, аз ҷумла барои иҷораи дурбини зериобӣ маблағ надорад. 

Искандар Воҳидов, падари сарбози дигари гӯё ғарқшуда Қандилҷон Воҳидов, ки ҳоло барои ҷустуҷӯи ҷасади писараш ба Бадахшон рафтааст пардохти пули иҷораи дурбини зериобиро ба дӯш мегирад, аммо баъди он дар қисми ҳарбӣ гуфтаанд барои истифодаи ин дурбин иҷоза лозим аст, ки онҳо надоранд. Хонаводаи сарбоз Ятимов баъди даводави зиёд дар вазорату идораҳо ин иҷозаро ба даст оварда ба Воҳидов мефиристанд. “Вале ба мо хабар расид, ки аз ин дурбин истифода намекунанд, ҳарчанд даъво доранд, ки истифода мекунанд” — мегӯяд Сангин Ятимов. 

Ӯ мегӯяд агар  Вазорати молия қудрат ва тавони молии ду сарбозе, ки ба гуфтаи худашон қаҳрамонӣ нишон додааст, ду соли тамом аз марзи кишвар ҳимоя кардааст, надошта бошад, ба чӣ дарде мехӯрад? “Кадом падару модар фарзанди худро мисли гул тарбия мекунад ва ба вазорате месупорад, ки ҳатто барои ҷустуҷӯи ҷасади онҳо қадаме намебардорад?” — мепурсад падари сарбоз. 

Дар сабти гуфтугӯи хоҳари сарбоз Ятимов бо яке аз ҳамхизматонаш, ӯ ҷараёни ҳодисаро қисса мекунад. Мегӯяд наврасро онҳо замоне мушоҳида карданд, ки ӯ дар як ҷазираи хурди байни дарё қарор дошт. “Вақте интарафтар омадем, се кӯдаки ҳамсолашро дидем. Вақте пурсидем гуфтанд, ки ба Афғонистон гузаштанӣ аст. Хеле фарёд задем, аммо садои моро нашунид. Баъд тарафи мо ҳаракат кард, мо ҳам хурсанд шудем, ки тарафи мо омада истодааст. Ин вақт тағояш аз куҷои бо Мерседеси сафедаш омад. Ӯро дида наврас қафо гашт ва ба тарафи Афғонистон гурехт ва худро ба дарё партофт”. Маълум нест вақте мегӯяд “ба тарафи мо меомад” хушкии ҷазираро дар назар дошт ё дарёро. 

Ин сарбози ҳамхизмати Ятимов гоҳе тағояш мегӯяд ва гоҳе амакаш. Ба суоли хоҳари Сироҷиддин, ки мепурсад амакаш буд ё тағояш, посух медиҳад, ки “чӣ фарқ дорад, амаку тағо як аст ку”. 

Ба гуфтаи сарбоз баъди худро ба об партофтани наврас, Сироҷиддин Ятимов ба ҳайси қумондон амр кардааст, ки ду нафар инҷо монед ва 4 нафар бо ман биёед. Дар ин муддат наврасро об ба самти онҳо овардааст, ки дасту по хӯрдаву наздик будааст ғарқ шавад, аммо худаш ҳам ба самти онҳо ҳаракат мекард. Қандилҷон Воҳидов ба ӯ даст медиҳад то бигирад лекин худаш ҳам ба об меравад. Инро дида Сироҷиддин яроқу курткаашро партофта худро ба об меандозад. Каме поёнтар ба наврас мерасанд ва ӯро мегиранд, вале ҳарсе якбора зери об мераванд. 

Падари Сироҷиддин Сангин Ятимов ба нақли ин сарбоз ҳам ба шубҳа менигарад ва мегӯяд, ки онҷо зиддунақизҳо вуҷуд доранд.

Дар ҳамин сабт нафаре, ки аз ӯ қумондон ном мебаранд, ба суоли хоҳари Сироҷиддин, ки чаро чаҳор рӯз пас хабар доданд, мегӯяд, ки рақами телефони онҳоро ҷустуҷӯ доштанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *