Дабири кулли НАТО эълом кард, ки Туркия дар хатти муқаддами як муборизаи муҳимм қарор гирифтааст ва муттаҳидони НАТО ба ҳимоят аз Анқара идома хоҳанд дод.
Янс Столтенберг дабири кулли Созмони паймони Атлонтики шимолӣ (НАТО) дар дидор бо Мавлуд Човушоғлу вазири умури хориҷаи Туркия дар Истамбул эълом кард, ки Туркия дар хатти муқаддами як муборизаи муҳимм қарор гирифтааст ва муттаҳидони НАТО ба ҳимоят аз Анқара идома хоҳанд дод.
Столтенберг дар ин дидор, ки дар кохи Дувалмо-боғчаи Истамбул баргузор шуд, таъкид кард, ки ҳеҷ кишвари узви НАТО ба андозаи Туркия аз терроризм осеб надидааст ва ба ҳимоят аз Анқара идома хоҳем дод.
Дабири кулли НАТО ҳамчунин таъкид кард бояд роҳҳале барои боқӣ мондан ҷангҷуёни зиндонии Доъиш дар Сурия пайдо кард.