325 намояндаи парлумони Туркия ба эъзоми нерӯ раъй доданд ва 184 намоянда мухолифи он буданд.
Туркия аз давлати расмии Либия ҳимоят мекунад ва таҷҳизоти низомӣ мисли паҳпод, силоҳ ва комюн дар ихтиёр он мегузорд.
Аз сӯи дигар, нерӯҳои генерал Ҳафтар, ки бахше аз Либияро контрол мекунанд, тирамоҳи имсол эълом карданд, ки ба далели ҳимояти Туркия аз давлати расмии Либия ба аҳдофи мутааллиқ ба Туркия ҳамла хоҳанд кард.
Урдан ва Аморот низ аз генерал Ҳафтар пуштибонӣ мекунанд.
Созмони милал дар гузориши худ дар бораи Либия навишта бисёре аз кишварҳо таҳримҳои таслиҳоти Либияро нақз кардаанд.
Неруҳои генерал Ҳафтар, ки худро “Артиши миллии Либия” мехонанд, бо неруҳои давлатӣ, ки Созмони милал ба расмият мешиносад, дар ҷанг ҳастанд ва бахшҳои бузурге аз шарқи Либияро дар ихтиёр доранд. Ин неруҳо борҳо саъй кардаанд, ки Траблус, пойтахтро аз контроли неруҳои давлатӣ хориҷ кунад.