Рубрики Хабарҳо

Эътирози чандин кишварҳо алайҳи исломситезӣ дар Шветсия

Оҷонсии иттилоотии ТАСС рӯзи 14 апрел хабар дода буд, ки дар як қатор шаҳрҳои Шветсия тазоҳуроти зиддиисломӣ бо сарварии ифротгар ва раҳбари ҳаракати “Роҳи оштинопазир” (“Stram Kurs”) Расмус Палудан  оғоз шуд. Палудан бо ҷонибдоронаш  китоби муқаддаси ислом – Қуръонро дар назари оммаи мардум  сӯзониданд.

Тавре маълум аст,  ҳизби бо номи  “Роҳи оштинопазир” амалкунандаро соли 2017 Палудан  таъсис додааст. Ӯ бо наворҳои зиёди зиддиисломиаш  дар шабакаи YouTube баромад мекунад ва пайваста дини исломро танқиду тамасхур дорад. Ин навбат ҳам “сиёсатмадор”  Қуръонро дар назди мардум оташ зад ва ин амали худро  арҷгузорӣ ба озодии баён номид.

Ҳизби ӯ талаб дорад, ки дини  ислом дар кишвараш манъ карда шавад ва ҳамаи мусалмонони паноҳҷӯро  аз Дания ва Шведсия ихроҷ кунанд. Расмус Палудан мегӯяд, ки муқаддастарин навиштори  исломро оташ зад ва боз ҳам ин корро такрор хоҳад кард.

Дар пайи ин ҳодиса теъдоде аз кишварҳои араб бошиддат аз ифротиёни ростгаро танқид карданд. 

Вазири умури хориҷаи Баҳрайн дар баёнияе гуфтааст: «Мо сӯзондани Қуръонро дар Шветсия башиддат маҳкум мекунем. Чунин амалҳо танҳо барои барангехтани кина ва таблиғи хушунат ҳастанд.»

Расонаҳои хабарии Арабистони Саудӣ низ вокуниши мақомоти кишварро чунин интишор карданд: «Таҳқири барқасдона бар дин ва оташ задани Қуръонро як навъ иғвоангезӣ медонем  ва ҳаракоти бархе аз ифротгароён дар Шветсияро алайҳи мусалмонон маҳкум мекунем.”

Ҳукуматҳои Эрон ва Ироқ сафирони Шветсияро барои эътироз даъват карданд.

Сухангӯйи вазорати корхои хоричии Иордания Хайтам Абуал-Фул гуфт, ки ин кирдорхо хилофи озодии дин ва эътикод буда, ба тамоили хамзистии осоиштаи халкхо мувофик нестанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои мубориза бо ифротгароӣ ва номуросоӣ, барои ҷилавгирӣ аз таҳқири мазҳабӣ муттаҳид шаванд.

Вазорати умури хориҷаи Ироқ намояндаи Шветсия дар Бағдодро ба наздаш хонд ва ба ин дипломати шведӣ ба далели таҳқири Қуръон эътирози шадид баён кард. Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки мушкили зерин барои равобити Шветсия ва ҷаҳони арабу мусулмон паёмадҳои нохуби ҷиддӣ дорад.

Ҷониби Туркия дар навбати худ изхорот додаанд, ки ҳамлаҳои номақбули шведиён ба Қуръон нишон медиҳад, ки аз гузашта сабақ нагирифтаанд, то ҳол худдорӣ аз ҷилавгирӣ аз таблиғоти зиддиисломӣ ва нажодпарастӣ вуҷуд дорад ва ҷиноятҳои нафратангезе  бо баҳонаи озодии баён  нодида гирифта мешавад.

Вазири Туркия аз ҳамлаҳои иғвогаронаи душманони ислом, мусулмонон, Қуръон ва маъбадҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар моҳи Рамазон башиддат интиқод кардааст. Дар баёнияи вазорат омадааст: 

“Дар ин замина мо аз тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамоем, ки алайҳи исломситезӣ  ва нажодпарастӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Анқара интизор дорад, ки дар баробари ин таҳдидҳо ҳарчи зудтар чораҳои таъсиркунанда андешида, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашад. Итминон медиҳем, ки Туркия муборизаро бо «таҳдидҳо алайҳи ислом ва тафаккури нажодпарастӣ» идома медиҳад.”

Аз номи Толибони Афғонистон низ вазири корҳои хориҷии кишвар баромад карда, аз ҳукумати Шветсия хостааст, ки  муҷримонро муҷозоти шадид бидиҳанд ва аз таҳқири оромгоҳҳои мусалмонон ҷилавгирӣ кунанд. Толибон дар шарҳи изҳороти муаллифони ин амал дар бораи қасди такрори он ҳушдор медиҳанд, ки он қалби тамоми мусулмонони сайёраро дарднок хоҳад кард ва ба паёмадҳои пешгӯинашаванда оварда мерасонад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *