Рубрики Хабарҳо

Шиносномаи тоҷикӣ дар мавқеъи 85-ум қарор гирифт

Тоҷикистон дар раддабандии нави шиносномаҳои «Henley & Partners» аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо дар ҷойи 85-ум қарор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 87-умро ишғол карда буд.

Д ар сомонаи рейтинг гуфта шудааст, «Маълумот Нишондиҳандаи раддабандии шиносномаҳои Ҳенли 2021 (2021 Henley Passport Index)-ро ба ҳолати 5 январи соли 2021 инъикос мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо, манъи сафарҳои марбут ба коронавирус метавонад нисбат ба маълумоти раводиди дар ин ҷо сабтшуда афзалият дошта бошад».

Мувофиқи раддабандӣ, ҳоло тоҷикистониён метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кунанд, ки ин нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистони ҳамсоя як давлат бештар аст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон нишондиҳандаи беҳтар дорад. Ин кишвар дар ҷои 70-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо метавонанд бидуни раводид ба 75 кишвар сафар намоянд. Шаҳрвандони Русия метавонанд ба 116 кишвар бидуни раводид сафар кунанд. Бо ин ҳол Русия дар ҷои 50-ум мебошад.

Шаҳрвандони Япония ба  191 кишвар ва Сингапур ба 190 кишвар метавонанд бидуни раводид сафар кунанд. Ин ду кишвар дар садри рейтинг ҷой гирифтаанд. Баъд аз онҳо Кореяи Ҷанубӣ ва Германия (ҳар яке 189 кишвар) буда, дар ҷои чорум Испания, Италия, Люксембург ва Финляндия (ҳар яке 188 кишвар) қарор доранд. Австрия ва Дания (ҳар яке 187 кишвар) дар ҷои панҷум мебошанд.

Дар ҷойи охирини  раддабандӣ — 110, мисли соли гузашта, Афғонистон қарор гирифт, ки шаҳрвандони он метавонанд танҳо ба 26 кишвар бидуни раводид сафар намоянд.

Ёдовар мешавем, Нишондиҳандаи шиносномаҳои солонаи ширкати «Henley & Partners» қоидаҳои раводиди беш аз 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳонро таҳлил намуда, онҳоро аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо баҳо медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *