Ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон эълом кард, ки ин кишвар дар ҷанги Сурия аз 16 кишвари ҷаҳон ягон (воҳидҳои низомӣ) доштааст.
Сардор Алӣ Фадавӣ, ҷонишини Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон имрӯз тайи суханоне изҳор дошт: инқилоби исломӣ дар даҳаи 90 ба ҷое расид, ки дар Сурия аз 16 кишвари ҷаҳон ягон дошт.
Ӯ дар маросими “рӯз ийсор ва муқовамат” дар шаҳри Арок ҳамчунин гуфт: замоне, ки дилҳо яке шуд, ҷисмҳо ба як самт кашонида шуда ва аз 16 кишвари исломӣ 16 ягон дар як лашкар ҷангиданд.
Гуфтанист барои нахустин бор як мақоми аршади низомӣ-амниятии Эрон эълом мекунад, ки илова бар шибҳинизомиёни ироқӣ, лубнонӣ, афғонистонӣ, эронӣ, озарбойҷонӣ ва покистонӣ, афроде аз 10 кишвари дигар низ таҳти фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар Сурия ҷангидаанд.