Рубрики Хабарҳо

ҲНИТ баёнияи ВКД-ро «тӯҳмати ошкор»номид

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе шарҳи Вазорати корҳои дохиларо дар бораи боздошт ва ҳукми Бобои Дона «комилан беасос ва туҳмати ошкор» номида онро маҳкум кард.

Ҳамчунин ин ҳизб таъкид кард, ки ба «Ансоруллоҳ» ҳеҷ рабте надорад ва қувваи низомиро ҳам дар ҳеҷ кишваре доро нест.

Матни баёнияи ҲНИТ ба шарҳи зер аст:

Раёсати Олии ҲНИТ шарҳи ВКД дар бораи бобои Донаро баррасӣ намуда, онро комилан беасос ва туҳмати ошкор медонад ва маҳкум мекунад.

Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки:

— Дар  ҷанги шаҳрвандӣ бобои Дона аслан ширкат надошт ва ҳатто ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд.

— Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт бинобарин иддаои ВКД ҳақиқат надорад.

— ҲНИТ баъди имзои созишномаи сулҳ дигар ҳаргиз неруи низомӣ надошт ва надорад. Бори дигар таъкид мекунем, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳеҷ замоне бо ҲНИТ робита надошт ва ҳоло ҳам надорад. На танҳо  “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба ҲНИТ ҳеҷ рабте надорад, балки ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие дар ҳеҷ кишваре, ба хусус Афғонистон надорад.

— Ирсоли  маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона агар кумаке карда, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.

Бинобарин Раёсати Олии ҲНИТ ин иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ ва ҲНИТ медонад ва талаб мекунад, ки Набиев Донаёр фавран озод карда шавад.

Раёсати олии ҲНИТ

08. 01. 2021

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *