Тарзи бархӯрд ва муомилаи режими Рахмонов бо мардум аз он хикоят дорад, ки пас аз гузашти 24 сол ҳанӯз Раҳмонов натавонистааст, фазои олудаи чангу душманиро аз зеҳни худ пок намояд.
Ҳанӯз рафтори Раҳмонов бо мардум мавзеъгирона аст, гуё на дар пешгоҳи миллати худаш, балки дар баробари лашкари душман қарор дошта бошад.
Ингор ӯ ҳанӯз ҳам худро барои мардуми Тоҷикистон бегона ҳис мекунад.
Бинобар ин бо вуҷуди ин ки Раҳмонов 24 сол боз худро Раисҷумҳури ин кишвару пешвои ин миллат мешуморад, аммо ҳанӯз нигоҳаш ба мардум, нигоҳи як раисҷумҳур нест. Балки пайваста ба мардум аз чашми ҳамон раиси » фронти халқӣ » нигох карда ва худашро фақат мутааллиқ ба дастаи хосе аз мардум дониста аст.
Агарчӣ Раҳмонов ҳамеша саъй карда аст, ин ҳисси худро аз чашми мардум пинҳон бидорад, вале эҳсосот чизе нест, ки битавон онро пинҳон дошт.
Хулоса ҳамин ҳисси бегонагӣ бо мардуми Тоҷикистон сабаб гашта аст, ки Раҳмонов мақому мансабро на ҳамчун як масъулият, балки ҳамон як фурсат бишуморад.
Дар натиҷа ҳаргиз байни мардум ва ҳукумати Раҳмонов робитаи самимӣ ва эътимоди мутақобил барқарор нашуд.
Аз ин рӯ ҳукумат дар ҳадди тавон пайваста аз ҳаққи мардум дуздӣ карда ва мекунад ва мардум ҳам то ҷое, ки имкон дошт аз пардохти андозҳо ва ҳуқуқи давлатӣ фирор карда ва мекунанд.
Маҳмудҷон Бурҳонов