Рубрики Хабарҳо

Медведев: Агар Исроил ба Укроина силоҳ диҳад, равобити Маскаву Тел-Авив аз байн меравад

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури пешини Русия, ба Исроил ҳушдор дод, ки агар ба Укроин системаҳои пешрафтаи аслиҳа интиқол диҳад, равобити Маскав ва Тел-Авив аз байн хоҳад рафт.

Медведев дар шабакаи телеграмии худ дар ёддоште дар ҳоле, ки Исроилро ҳушдор додааст, ин амали Тел-Авивро “бисёр беандеша” хонда ва таъкид кардааст, ки ирсоли чунин силоҳ ба Укроин ба маънии тахриби равобити Русия ва Исроил хоҳад буд.

Давлати Укроин қаблан аз Исроил дархост карда буд, ки барои муқобила бо Русия ба Киев системаҳои дифоии ҳавоӣ ва дигар аслиҳаҳои пешрафтаи худро ирсол кунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти исроилӣ ба сурати расмӣ чӣ сиёсатеро пеш мегиранд, зеро аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Укроин талош кардаанд,зимни ҳамроҳии нисбӣ бо Ғарб дар маҳкумиятҳои Маскав, ҳамчунин равбити худро бо Кремл ҳифз кунанд ва дар ин бӯҳронмавқеъи миёна бигиранд.

Медведев дар паёми телеграммаии худ навишт: “агар Исроил ба Укроин силоҳ диҳад, Тел-Авив бояд Степан Бандера ва Роман Шуховичро [қаҳрамонони афсонавии Укроин дар солҳои 1940-1950] ҳамчун қаҳрамони худ муаррифӣ кунад.”

Ахиран нашрияи The Times of Israel дар гузорише бо такя ба як манбаъи огоҳ навишт, ки ин кишвар қасд дорад аз тариқи як пудратчии низомӣ ва тавассути Лаҳистон системаҳои зиддиҳавоӣ ба Укроин бирасонад. Дар он гузориш, албатта, дар бораи номи ин пудратчӣ ва навъи системае, ки ба Киев фиристода мешавад, ҷузъиёт нест.

Дар ин замина Нахман Шай, вазири “исроилиёни муқими берун аз Исроил”, дар саҳифаи твиттери худ таъкид кард, Тел-Авив бояд аз Укроин ҳимоят кунад ва ба ин кишвар силоҳ бифиристад.

Шай дар ин твит навишт: “субҳи имрӯз маълум шуд, ки Эрон мушакҳои баллистикиро ба Русия фиристодааст. Дар ин муноқишаи хунин Исроил бояд дар кадом тараф истад, дигар шубҳае нест. Вақти он расидааст, ки Укроин кумаки низомӣ (аз Исроил) ба мисли Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО бигирад.”

Дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои зиёде дар бораи ирсоли силоҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломӣ ба Русия мунташир шуданд. Нахуст сухан дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ буд, аммо дар рӯзҳои ахир гузоришҳои мухталиф дар бораи ирсоли мушакҳои баллистикӣ ба артиши Русия мунташир шудааст.

Қаблан Владимир Зеленский чанд бор ноумедии худро аз он изҳор карда буд, ки Исроил розӣ нашуд ба ин кишвар силоҳ бирасонад, то бо Русия мубориза кунад. Раисиҷумҳури Укроин дар сӯҳбат таъкид кард, ки аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар Исроил ба Киев ҳеҷ кумаке накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *