Ба парлумони Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи судҳо” пешниҳод фиристода шуд. Дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таъин шудан ба мансаби додрас пешниҳод ё интихоб мешаванд, бояд ба мақомоти дахлдор дар бораи даромад ва амволи худ эъломия пешниҳод кунанд.
Дар ин бора ба хабаргузории“Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дода гуфтааст, мувофиқи тағйирот, додрасҳо пас аз таъин шудан ба вазифа низ уҳдадор мешаванд, ки ҳамасола дар бораи даромад ва амволашон эъломия пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, судяҳои тозатаъин пеш аз оғози фаъолият ба риояи қонунҳои кишвар савганди садоқат ёд мекунанд. Дар тағйирот инчунин таъин нагардидани нафақахӯрон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба мансаби судя пешбинӣ шудааст.